ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТДОРӢ. ТАТБИҚИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИИ  ШОИСТАРО КАФОЛАТ МЕДИҲАНД

ДАВЛАТДОРӢ. ТАТБИҚИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИИ  ШОИСТАРО КАФОЛАТ МЕДИҲАНД

07 июн 2023, Чоршанбе
27
0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон, риоя ва татбиқи қонунҳо, бахусус қонунҳои миллӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин аст, ки ҳоло дар кишвари мо қонун волоият дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз давлатҳои амнтарини сайёра ба шумор меравад. Ҳусейн Баротзода, раиси суди ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» андешаҳояшро дар ин маврид чунин изҳор дошт:
 
– Заковати  азалии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки Тоҷикистони азизи мо аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо шуда, дар фосилаи кӯтоҳи таърих ба як кишвари амну ором мубаддал гардида, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон мавриди омӯзиш қарор гирад.
Рӯйи кор омадани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҳисси худшиносии мардум таъсири мусбат гузошта, ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат кард.
Шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Рашт, моҳияти ин қонунҳоро ба хубӣ дарк намуда, аксаран талаботи онҳоро риоя мекунанд. Вале нафароне низ ҳастанд, ки меъёрҳои онро нақз мекунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Аз ҷумла, қонуншиканиҳоро дар вақти баргузории тӯю маъракаҳо ва маросими динӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Рафти баррасии парвандаҳо дар суди ноҳияи Рашт вобаста ба ин масъала нишон медиҳад, ки бархе аз шаҳрвандон қабл аз баргузории маъракаҳояшон аз қайди комиссияҳои ҷамъиятии назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ё деҳот намегузаранд ва, ё аз меъёри муқарраршуда теъдоди иштирокчиёнро зиёдтар даъват мекунанд. Дар робита  ахиран, ба далели вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар суд 6 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моҳиятан баррасӣ гардида, нисбати 6 шаҳрванд ҷазои маъмурӣ таъин карда шуд.
Доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ҳанӯз ҳам бемасъулиятии волидон ба назар мерасад. Чунончи, дар иртибот ба татбиқи Қонуни мазкур соли ҷорӣ дар суди ноҳия 160 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба 160 нафар ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ шуд. Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи амалияи судӣ нишон медиҳад, ки нисбати солҳои пешин ин гуна парвандаҳо зиёд гаштаанд. Вале бояд дар назар дошт, ки бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзандон оқибатҳои нохуш дар пай дорад. Беназоратии наврасон онҳоро ба роҳҳои ғайриахлоқӣ бурда, дар ниҳоят боиси сар задани кирдорҳои ҷиноятӣ мегардад, ки мо ин ҳолатро борҳо дар таҷриба дидаем. Бадтар аз ҳама, ҷавононе, ки ба таълиму тарбияи хуб фаро гирифта намешаванд, дар оянда ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пайваста ба амалҳои террористӣ низ, даст мезананд. Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки вобаста ба ин масъала даст ба кор бошанд ва дар баробари кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муқобили ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мубориза баранд.
Бояд гуфт, ки таълимоти ғайрирасмии динӣ низ, яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо мегарданд, падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро дар ин самт ҷиддӣ назорат кунанд ва аз таълимоти ғайрирасмии динӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Тавре болотар гуфтем, халқи тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Рашт мардуми бофарҳангу соҳибмаърифатанд ва қонунҳои амалкунандаро риоя мекунанду дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дастуру ҳидоятҳои зиндагисози Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Бовар дорам, ки мардум ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам ободу зебо ва шукуфотар гаштани кишвари азизамон саъю талош меварзанд. 
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив