ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ ВА ИҚТИСОД

САНОАТ ВА ИҚТИСОД

07 июн 2023, Чоршанбе
15
0
ОЗМУНИ «МАҲСУЛОТ ВА  ХИЗМАТРАСОНИИ БЕҲТАРИН» 
Дар Боғи «Ирам»-и Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва ширкату корхонаҳо иштирок намуданд.
Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи тавлидот, дастгирии молистеҳсолкунандагон, содироти маҳсулот, муаррифии он ва хизматрасонии ватанӣ,  баланд бардоштани сифат, сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Корхонаҳои бонуфузи мамлакат, аз қабили ҶДММ «Мармарӣ», «Акома», «Нури зулол», «Сулаймон чой», «Эскимо Мастер», Фабрикаи қаннодии «Ширин», ҳунармандони Суғду Хатлон ва Бадахшон, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ, хӯроки умумӣ ва дигар корхонаҳои ватанӣ ба гирифтани ҷоизаҳои Озмун мушарраф гардиданд.
 
 
КОРХОНАҲОИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР «UZTEXTILE EXPO SPRING»
Ҳайати Тоҷикистон дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва мӯди «UzTextile Expo Spring» робитаҳои мустақими тиҷоратӣ барқарор намуда, имконияти ҳамкориро тавсеа дод. Дар ин бора Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад. 
Намоишгоҳ охири моҳи май дар шаҳри Тошкент баргузор гардид ва дар он намояндагони 23 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои нав, хариди маводи хоми зарурӣ,  ба монанди риштаи омехта ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар Намоишгоҳ иштирок намуданд.
 
 
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛАДОНА  АЗ 23 987 ГЕКТАР
Дар кишвар аз майдони умумии 23 987 гектар ғалладона, ки маҳсулоти асосии мамлакат маҳсуб мешавад, ҷамъоварӣ гардид. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 42 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ин хусус аз  маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Соли ҷорӣ дар 288670 гектар ғалладона кишт шудааст. Аз ҷумла, гандум дар 203 101 гектар доман густурдааст. Ҳосили 19881 гектар ҷамъоварӣ шуд, ки ба ҳар гектар 43-сентнерӣ рост меояд. 
 
 
ҒАНӢ ГАРДИДАНИ БОЗОРҲОИ ТОҶИКИСТОН
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бахшҳои аҳолии ноҳияи Панҷ ҷамъоварии пиёз ва картошка босуръат идома дошта, ҳамарӯза даҳҳо тонна маҳсулот вориди бозорҳои мамлакат мегардад, - хабар додааст Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия. 
Тибқи нақша, кишоварзон дар масоҳати 985 гектар картошка, 440 гектар пиёз, 760 гектар сабзавот, 350 гектар полизӣ кишт намудаанд. Хоҷагидорони ноҳияи Шаҳритус низ, алҳол ба ҷамъоварии картошкаву пиёз машғул буда, аллакай, ба хориҷи мамлакат 360 тонна пиёзи барвақтӣ бароварданд. Вазорати кишоварзӣ хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ дар майдони 33621 гектар картошка кишт шуд, ҷамъовариии ҳосил идома дорад. 
 
 
«ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН» – БРЕНДИ НАВ
Баробари пухта расидани меваҳои шаҳдбор фаъолияти корхонаҳои консервбарорӣ низ, тавсеа ёфта, маҳсулот коркард, бандубаст ва захираву ба фурӯш гузошта мешавад. ҶДММ «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара яке аз корхонаҳои муваффақ дар ин самт аст.
Ҳоло дар коргоҳ коркарди зардолу бомаром идома дошта, мева аз боғдорони Конибодом ва Исфара дастрас мегардад. 40 намуди маҳсулоти Ҷамъият  соли гузашта ба Россия, Олмон, Туркия ва Қазоқистон ба маблағи 10 миллион сомонӣ фиристода шуд.
Дар ҶДММ «Субҳи Ватан» коркард ва бандубасти меваи хушк низ, ҷараён дошта, меваҳои хушки зардолу, себ, нок, тут, олу дар ҳаҷм ва дизайни хосса бандубаст гардида, бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ба мизоҷон пешкаш мешавад. Ширкат то ин муддат 300 тонна меваи хушк содирот намудааст.
 
Шуъбаи иттилооти «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив