ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «НАСИМИ ДӮСТӢ». РАВЗАНАИ НАВ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

«НАСИМИ ДӮСТӢ». РАВЗАНАИ НАВ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

07 июн 2023, Чоршанбе
16
0
 
Соли 2022 пас аз ба имзо расидани Меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ байни Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторон ва оҳангсозони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иқдоми Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аз таърихи 24 то 27 майи соли 2023 дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе Фестивали мусиқии касбӣ таҳти унвони «Насими дӯстӣ» баргузор гардид. 
 
Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода оғози барномаи муштараки консерти камеравии «Насими дӯстӣ»-ро эълон намуд.
Барои иштирок дар Фестивали мазкур ва чорабиниҳои фарҳангии вобаста ба он аз Ӯзбекистон ҳайати бонуфузи  меҳмонон, композиторони шинохтаи ӯзбек таҳти роҳбарии Ходими хидматнишондодаи Ӯзбекистон, профессори кафедраи композитсия ва созбандии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, раиси Иттифоқи композиторон ва оҳангсозони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев, Ходими хидматнишондодаи Ӯзбекистон, профессор Мустафо Бафоев,  барандаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ Муҳаммад Отаҷонов, композитор Акмал Сафаров ва пианинонавоз, барандаи озмунҳои байналмилалӣ Элнура Мирзокамолова ташриф оварданд.
Рӯзи аввали Фестивал ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дидан намуда, бо лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод аз наздик ошно шуданд. Суҳбату созу наво дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон идома ёфт.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшамбезода меҳмонон ва ҳозиринро шодбош гуфта, атрофи нақши баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар рушди мусиқии касбӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя суҳбате дошт.
Раиси Иттифоқи композиторони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев дуруди  мардуми ӯзбекро ба мардуми мо расонд ва атрофи  сиёсати фарҳангпарваронаи сарварони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар сухан ронд.
Дар марҳилаи нахустини барномаи консертӣ 19 асари камеравӣ ва вокалии композиторони ӯзбеку тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, Рустам Абдуллоев, Қудратулло Яҳёзода, Дилорам Сайдаминова, Шарофиддин Сайфиддинов, Мустафо Бафоев, Ҳабибулло Раҳимов, Ҷӯрахон Обидпур, Талабхӯҷа Сатторов, Амирбек Мӯсозода, Сангалӣ Ҳамидзода, Ойдин Абдуллаева, ва Акмал Сафаров аз ҷониби ҳунармандон, мутрибон, овозхонони шинохтаи кишвар ва толибилмони муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Обидова, Хосият Олимова, Парасту Саодатова, Абдураҳмон Матхолов, Рафиқа Сангинова, Шарофат Усмонзода, овозхонони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Амонуллои Нурулло, Достон Холов, Манучеҳр Раҳмонов ва хонандагони Мактаби бачагонаи мусиқӣ ба номи А. Ленскийи шаҳри Душанбе, пианинонавозон Муаттар Маликова, Гулнора Низомова ва хонандаи Мактаб-интернати мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Омина Раҳимова   иҷро гардиданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор шуд.
Рӯзи дуюми Фестивал меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.  Дар ин ҷо меҳмонон бо беҳтарин намунаҳои осори таърихи чандинҳазорсолаи тамаддуни тоҷик шинос гардиданд. 
Консерти мусиқии симфонӣ бо иштироки Оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии сардирижёр Далер Тиллоев, дирижёр Алишер Солиев ва Элнура Мирзокамолова, Хосият Олимова баргузор шуд. Барномаи гулчиншудаи оркестри симфонӣ ба аҳли толор, ҳаводорони мусиқии касбӣ хеле хуш омад. 
Дар ҷамъбасти Фестивал Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шоҳиди барномаи консертии муштарак таҳти унвони «Насими дӯстӣ» буд. Дар барнома 18 асари камеравии  композиторони тоҷику ӯзбек, аз ҷумла асарҳои композиторон Рустам Абдуллаев, Қудратулло Яҳёзода, Амирбек Мӯсозода, Ҳабибулло Раҳимов, Заррина Миршакар, Ойдин Абдуллаева, Қудратулло Ҳикматов, Мустафо Бафоев, Юрий-Тер Осипов, Сангалӣ Ҳамидзода, Дилорам Сайдаминова, Абдураҳмон Тошматзода, Акмал Сафаров ва Лола Толис,  иҷро гардиданд. 
 
Амирбек МӮСОЗОДА, 
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 
раиси Иттифоқи 
композиторони Тоҷикистон, 
Сангалӣ ҲАМИДЗОДА, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив