ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ТОҶИКФИЛМ” БА НАВОРБАРДОРИИ “ТОҶИКОН” ОҒОЗ КАРД

“ТОҶИКФИЛМ” БА НАВОРБАРДОРИИ “ТОҶИКОН” ОҒОЗ КАРД

08 июн 2023, Панҷшанбе
27
0
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми ин миллат дар пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷаҳон таҳия ва наворбардории филми мустанади “Тоҷикон”-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз бахшид.
Филм бо арқому далелҳо саҳми миллати тоҷик дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи фарҳанги башарро дар пардаи синамо инъикос намуда, муборизаи ниёгони моро дар ин ҷода ба тасвир мекашад.
Мустанад бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯйи кор омада, ҷиҳати муаррифии миллати куҳанбунёди мо ба оламиён саҳм хоҳад дошт.
 
 
ФАРҲАНГИ КОРЕЯ ДАР "АҲОРУН"
 
Дар Маҷмааи фарҳангии "Аҳорун" бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали "Фарҳанги Корея" баргузор шуд. 
Дар он намоиши хӯрок, либос, бозиҳо ва рақсу мусиқии кореягӣ пешкаши ҳозирон гардид. Ҳамзамон, дар ҷашнвора натиҷаи озмуни «K-pop cover dance ва K-pop cover song», ки байни шаҳрвандони Тоҷикистон баргузор гашта буд, ҷамъбаст гардид. 
 
 
ФОРУМИ ЗАНОН БЕҲТАРИНҲОРО ҶАМЪ ОВАРД
Дар меҳмонхонаи «Serena Garden» форуми занон баргузор гардид.  Дар он занону духтарони муваффақ Наргис Қосимова, рӯзноманигори шинохта, Умеда Парсаева, Шабнам Ибодова, соҳибкорони муваффақ, Хосиятхон Тӯхтаназарова, бонкдори ботаҷриба ва дигарон аз фаъолият, бурду бохт, таҷриба ва асрори комёбиҳои худ гуфта, аз иштирокдорон хостанд, то дар кору пайкорашон ҷасур ва қавиирода бошанд. Дар доираи форум, ҳамчунин, мастер-классҳо доир ба ороишу тарзи либоспӯшӣ ва намоиши либосҳои замонавӣ гузаронда шуданд. 
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив