ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИНДАГИИ АСАЛӢ. АЗ РӮЗГОРИ ҲАБИБУЛЛО ҶАББОРОВ, КИ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

ЗИНДАГИИ АСАЛӢ. АЗ РӮЗГОРИ ҲАБИБУЛЛО ҶАББОРОВ, КИ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

08 июн 2023, Панҷшанбе
17
0
 
Ҳабибулло Ҷабборов, марди меҳнаткаш буда, дар парвариши занбӯри асал таҷрибаи бой дорад. Ӯ солҳои дароз аст, ки бо аҳли оилааш ба ин кор машғул аст. Мегӯяд, ки занбӯриасалпарварӣ касби беҳтарин буда, ба буҷети хона даромади хуб меорад.
– 40 қуттии занбӯри асал  дорему  дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзӣ дар як сол ду-се маротиба асал мегирем. Ҳосилгирӣ, аллакай, аз моҳи май оғоз шуда, то охирҳои август идома меёбад, –  гуфт Ҳабибулло Ҷабборов.
Шаб  ҳамроҳи фарзандонаш қуттиҳои асалро ба мошин бор карда, ба боғ ва ё ҷойҳои дигари сергулу гиёҳ мебарад, чунки занбӯри асал, асосан, аз гулҳои хушбӯ ғизо ҷамъоварӣ менамояд. Шояд дар ин маврид саволе ба миён ояд, ки чаро маҳз шаб?  Барои он ки шаб занбӯрҳо аз қуттиҳо намебароянд ва ҳаво низ, салқин аст.
Баъзан мешавад, ки занбӯрҳо ба хунукии Зимистон  тоб наоварда, ҳалок мегарданд. Маҷбур мешаванд, ки баҳор боз аз нав занбӯри асл  харида, ба нигоҳубин машғул шаванд. Қаҳрамони мо нақша дорад, ки сол ба сол истеҳсоли  асалро зиёд намуда, харидорони дохилу хориҷро бо ин маҳсулоти шаҳдгин таъмин намояд.
 
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив