ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ

ДУШАНБЕ.  ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ

08 июн 2023, Панҷшанбе
37
0


Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе дар назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аз намоиши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи корхонаҳои саноатӣ оғоз гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сокинони мамлакат ширкат варзиданд. 
Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат, дӯстдорони табиатро бо ин санаи фархунда шодбошу таҳният гуфта, изҳор дошт, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон 5 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷашн гирифта мешавад ва имсол аз вақти таҷлили ин сана 51 сол сипарӣ мегардад. 
Баргузории чунин чорабиниҳои экологӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти экологӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон равона шудааст. Тайи чанд даҳсола  аст, ки ҷумҳурии мо дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологии обу иқлим ва муҳити зист дар сайёра ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ гаштааст. Махсусан, қабули ташаббуси панҷуми  Тоҷикистон оид ба масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибори моро дучанд афзуд. Ин ҷо саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Гуфта шуд, ки ташаббусҳои пайдарпай оид ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва татбиқи онҳо дар кишварҳои гуногуни дунё ба манфиати ҳамаи давлатҳо, махсусан барои беҳтар шудани таъминоти аҳолӣ бо об, муҳим арзёбӣ мегардад. Бо ин мақсад, дар шароити гармшавии босуръати иқлим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи гидроэнергетика, истеҳсоли барқи арзон ва дар ин замина, тақвият додани «иқтисодиёти сабз» саҳми босазо мегузорад. Ин тадбир метавонад барои кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ва пешгирии бошиддати гармӣ дар минтақа мусоидат намояд. 
     Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ, дар ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахт ҷиҳати таъмини муҳити мусоиди зист ба аҳолӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр талош менамояд. 
Толиб Раҳимзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист, табрикоти раиси шаҳри Душанберо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт расонда, изҳор дошт, ки татбиқи нақшаи шаҳрдорӣ, пеш аз ҳама, барои беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии сокинон равона шудааст. Бунёди иншооти наву замонавӣ, гулгашту хиёбонҳо, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ маҳз ба хотири таъмин намудани муҳити тозаю озода ва беҳсозии вазъи экологӣ ба аҳолӣ  мебошад.
– Барои нигоҳ доштани вазъи хуби экологӣ дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди пойтахт 193 ҳазор бех дарахт ва 13 миллион дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда шуда, дар масоҳати 98 ҳазор метри мураббаъ бунёди майсазор дар нақша аст.  Давоми шаш соли охир бо мақсади солимгардонии табиат ва беҳбуди муҳити зист ба миқдори 1 миллиону 167 ҳазор бех ниҳолу бутта шинонда шуд, – гуфт Толиб Раҳимзода. 
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз ташаббусҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки кишвари мо ҳоло дар пешбурди масъалаҳои иқлимӣ, ҳифзи муҳити зист ва вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ масъулияти азим бар дӯш дорад. 
Ба гуфтаи Баҳодур Шерализода, таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо ҷалби аҳолии кишвар, ба ҳалли бисёр масъалаҳои экологӣ ёрӣ мерасонад.  Бо мақсади беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла тоза кардани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо аз партовҳо, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист пайваста аксияҳои экологӣ  гузаронда мешаванд, ки дар он корхонаю муассисаҳо ва сокинони пойтахт ҷалб мегарданд. Чорабиниҳои экологӣ таваҷҷуҳи  ҷавононро ба ҳалли масъалаҳои экологӣ бармеангезанд. Аз ин ҷост, ки хонандагону донишҷӯён дар рӯзи таҷлили муҳити зист бо пешниҳоди намунаҳои эҷодии худ омаданд. 
Тамошои маҳсули эҷодии онҳо вобаста ба масъалаҳои экологӣ диданӣ буд. Маҳз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар озмунҳои «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон – омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишвар» ва «Душанбе – шаҳри гулрез» иштирок варзида, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз шуданд. 
Чорабинии экологӣ бо барномаи зебои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ хотима ёфт.
                                      
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив