ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИД АЗ ҚАРОРГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ «ТАКОБ» 

БОЗДИД АЗ ҚАРОРГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ «ТАКОБ» 

09 июн 2023, Ҷумъа
9
0
8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби Қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” дар ноҳияи Варзоб сурат гирифт.
 
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро  муаррифӣ карданд.
Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гаштугузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.
Бояд гуфт, ки ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона ва неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.
Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Сайругашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ баъди тамошои табиати нотакрори Қароргоҳи беруназшаҳрии «Такоб» аз манзараҳои дилкашу обҳои мусаффо ва ҳавои тоза таассуроти нек бардоштанд.
Санаи нашр: 09.06.2023 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив