ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

09 июн 2023, Ҷумъа
47
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ФИЛВОРДИ “ВАТАНИ МАН”
1. Муродифи подшоҳ 
2. Сарвари давлат
3. Мақоми намояндагӣ ва қонунгузории 
кишвар
4. Воҳиди пулии Тоҷикистон
5. Қонуни асосии давлат
6. Парандаи хушовози кӯҳсор
7. Муҳофизаткунандаи давлат аз душман
8. Нашрияи муттаҳидкунандаи иттилоотӣ- илмӣ дар мавзуъҳои гуногун
9. Асари маъруфи  Бобоҷон Ғафуров
10. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Аробакаш
12. Асосгузори адабиёти классикии 
форсу тоҷик
13. Дастоварди беназири тоҷикон
 
Тартибдиҳанда  Ҷ. НАЗАРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Дар сурати дуруст пур кардани филворд, вожаи барои ҳамаи тоҷикон азиз пайдо хоҳад шуд.
 
Муҳаммадюсуф Исмоилов - ғолиби рубрика
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон  Муҳаммадюсуф Исмоилов – сокини ноҳияи Ашт барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуд. 
 
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
ЧӢ? ДАР КУҶО?
КИНО КАЙ ПАЙДО ШУД?
 
Дастгоҳи аввалини филмбардориро бародарони фаронсавӣ Луи ва Огюст Люмер соли 1895 ихтироъ карданд. Дастгоҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки навори пайиҳам гирифташуда ҳангоми намоиш дар суръати ниҳоят тез тасаввуротеро падид орад, ки гӯё тасвирҳо ҳаракат мекунанд. Филмҳои аввалин сиёҳу сафед ва бесадо буданд ва бо навохтани мусиқӣ дар фортепиано намоиш дода мешуданд. Соли 1911 пас аз 16 соли намоиши филмҳои сиёҳу сафед филмҳои ранга ва соли 1927 филмҳои овоӣ ба намоиш рафтанд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ҶАВОНИ ТОҶИК 
ПАЙИ КАШФИ НАВЪИ  НАВИ ГАНДУМ АСТ
Бобур Наҷодов, аспиранти соли аввали Донишгоҳи давлатии аграрии Фарҳангистони кишоварзии Климент Тимирязеви Россия мебошад. Ӯ дар пешбурди илми генетика ва селексия пажӯҳиши илмӣ мекунад ва мавзуе, ки бештар сари он кор дорад, омӯзиш ва коркарди анвои баҳорию тирамоҳии гандум аст.
Ҷавони 24-солаи тоҷик зодаи ноҳияи Ашт, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Нахустин пажӯҳиши ҷиддии ӯ "Тағйирёбии аломату хусусиятҳои полимерии анвои гандуми тирамоҳӣ дар шароити ноҳияи Ашт" буд. 
Бобур ҳамчун генетик дар марҳилае қарор дорад, ки бояд дар соҳаи генетикаи рустанӣ корҳои зиёди илмиро ба сомон расонад, то барои фардои рӯшан замина гузорад.   
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДУ ВАРИАНТ
 
Дар комиссарияти ҳарбӣ. 
Комиссар:
- Ду вариант пешниҳод мекунам, ҷӯра: дусад доллар ё хизмат?
Ҷавон аз таги бағал камераро бароварда:
- Ман ҳам ду вариант пешниҳод мекунам, командир: билети ҳарбӣ ё ютуб.
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
БОЗИГАР БАЪД АЗ ИВАЗШАВӢ, ФАҲМИД, КИ ГОЛ ЗАДААСТ
Дар бозии даври 20-уми Ла Лига миёни дастаҳои «Атлетико Мадрид» ва «Хетафе» (04.02.2023) ҳолате рӯй дод, ки исми бозигар Анхел Корреаи аргентинӣ ва довар Антонио Лаоси испаниро дар таърихи футбол сабт намуд. 
Футболбози шаҳри Мадрид Томас Лемар дар пайи як ҳамлаи тимаш (дақиқаи 59-ум) берун аз ҷаримагоҳ ҷониби дарвозаи “Хетафе” зарбаи сахт зад, ки дарвозабон баргардонд ва дар зарбаи иловагӣ Корреа тӯбро вориди тӯр кард. Вале довар ҳолати нобозиро (офсайд) ба қайд гирифту гол ҳисоб нашуд. Дар дақиқаи 60-ум бозигари аргентинӣ иваз гардид. Дар ҳамин ҳол, аз ҳуҷраи видеодоварон барои аз сари нав дида баромадани ҳолат ба ҳаками марказ муроҷиат шуд. Антонио Лаос пас аз тамошои такрорӣ ба маркази майдон ишора кард ва футболбозони “Атлетико” барои ҷашн гирифтани гол ба тарафи Корреаи берун аз майдон тохтанд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
 
 
 
ХУРДТАРИН МАКТАБҲОИ ҶАҲОН
1. ХУРДТАРИН МАКТАБ БО 5 ХОНАНДА
Соли 1959 дар шаҳри Лакнаҳи Ҳиндустон мактаби хурде барои панҷ хонанда, ки аз ду синфхонаи хурд иборат буд, фаъолият дошт. Муассиси он Ҷагдиш Ганди мебошад. Ӯ тасмим гирифт, ки як муассисаи таълимӣ бо принсипҳои комилан нави таълим ташкил кунад.
Он баъдтар соли таҳсили 2010 – 2012-ро бо 39 ҳазор хонанда оғоз кард ва ба Китоби рекордҳои Гиннесс дохил шуд. Сирри муваффақияти мактаб на танҳо дар сатҳи дониши хонандагон, балки дар тарбияи ахлоқии онҳост, ки таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар дину миллатҳо мебошад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
САБУКРАВ АКНУН РОНАНДАИ МАСТРО «МЕШИНОСАД»
Яке аз ширкатҳои Чин бо номи «Sokon» мошини электрикие сохтааст, ки мавҷуд будани нӯшокиҳои спиртиро дар организм мустақилона муайян мекунад. Агар шахс дар ҳолати мастӣ ба он нишинад, муҳаррик ба кор намедарояд.
Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА
 
 
 
«TIME» – МАЪРУФТАРИН МАҶАЛЛАИ ИМА
2 марти соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи «TIME» бо муассисии Ҳенри Люс нашр шуд, ки аз маъруфтарин моҳномаҳои ҷаҳон аст. Вай мунтазам рейтинги беҳтарин ва қавитарин одамони ҷаҳонро нашр мекунад. Идораи марказии нашрия дар Ню-Йорк ҷойгир буда, шумораи аввалинаш он ҷо нашр шуд. 
Як нусхаи аврупоии он дар Лондон нашр мешавад, ки «TIME Europe» ном дорад. Шумораи «TIME» соли 2015 тақрибан ба 2,5 миллион нусха баробар буд. 
Аз соли 1927 дар маҷалла номинаи «Шахсияти сол» ҷорӣ шуд. Он ба сарнишин Чарс Линбер, ки аввалин бор болои уқёнуси Атлантика парвоз карда буд, дода шуд. «Шахсияти сол» бевосита аз ҷониби муҳаррири масъул интихоб мешавад. 
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
 
 
 
АЗ ОЛАМИ МӮД
АЗ ДУКОНЧАИ ХИЁБОНӢ ТО ОЛАМИ БУЗУРГИ МӮД
Ширкати мӯд маъруф бо номи “Баленсиага” соли 1919 аз ҷониби тарроҳи испанӣ Кристобал Баленсиага дар Сан Себастян таъсис ёфт ва ҳоло дар Париж ҷойгир аст. Ӯ моҳи августи соли 1937 дар хиёбони Ҷорҷ Ви дукони худро боз кард ва либосҳои таҳиякардааш зуд харидорони бешумор дарёфтанд.
Якчанд тарроҳе, ки дар хонаи Баленсиага кор мекарданд, баъдтар хонаҳои мӯди муваффақи худро боз карданд, бахусус Оскар де ла Рента (1949), Андре Куррегес (1950), Эмануэл Унгаро (1958). Машҳуртарини он Ҳуберт де Гивенши буд, ки ба “High Fashion” қабул шуд.
Кристобал Баленсиага хонаи мӯди худро дар соли 1968 баста, соли 1972 даргузашт. 
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
“ҲӮҚАНД” – АВВАЛИН ДАСТАИ ФУТБОЛИ 
ОСИЁИ МАРКАЗӢ 
Аввалин дастаи футбол дар Осиёи Марказӣ соли 1912 дар шаҳри Ҳӯқанд ташкил шуд. Бозигарони даста дар Ӯзбекистони имрӯза шахсони таърихӣ ба шумор мераванд. Ба хотири онҳо дар ин кишвар аз нав дастаи футболи «Ҳӯқанд - 1912» таъсис ёфт.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ 
«СОДАФЕЪЛ»
 
Дар комиссарияти ҳарбӣ ҷавоне мехоҳад худро саҳл содафеъл намоиш диҳад. Бо ҳамин мақсад, ба утоқи кории равоншинос пойи пиёда не, балки «савора» медарояд:
- Дринг-дринг-дринг, ака мототсиклма дар куҷо монам?
- Духтури таҷрибадор ҳам сирро бой надода, ҷиддӣ мегӯяд:
- Ай бари боло бачам, бари дӯғкашаки мада мон.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ЯК БАЙТ
Модар ар гӯяд туро: «Марги ту бод!»
Марги он хӯ хоҳаду марги фасод.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ЗАНГҲОИ БЕШУМОРИ ОШИҚ ҶАВОБГАРИИ ҚОНУНӢ ДОШТААСТ
Дар Корея як духтарро полис барои аз ҳад зиёд занг задан ба дӯстдоштааш, дастгир кард. Ин бону дар як ҳафта 21 ҳазор маротиба ба ҷуфти ояндааш занг зада, ки ин тақрибан 3 900 занг дар як рӯз ё ҳар соат 160 зангро ташкил медиҳад.
Ба ғайр аз зангҳо, боз 1000 мактуб ба почта ва 12 ҳазор хабар, 120 паёмак, 47 мактуби қоғазӣ фиристодааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО
АЗ ҚИР ШУДАНИ ҲАЙВОНҲО  ТО ЗАҲРОЛУДИИ МОҲИҲО
 
50 соли охир тақрибан аз се як ҳиссаи ҳайвоноту набототи олам нест шуд. Дар Аврупо ҳудуди 20 соли асри нав 17 ҳазор намуди онҳо ба нестӣ расид. 
Замин ҳамасола 30 000 намуди организмҳои зиндаро аз даст медиҳад. Ба андешаи экологҳо, аз соли 1970 то ҳол саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандаҳо ҳам тақрибан 25-30 дарсад кам шуда, одамон ҳамасола 1 дарсади ҳайвонотро қир мекунанд. 
Ҳашарот ҳам рӯ ба таназзул дорад. Дар баъзе аз минтақаҳо истеъмоли гӯшти моҳиро манъ кардаанд, зеро бо сабаби ифлосии оби уқёнусҳо, дар таркиби гӯшти моҳӣ моеи заҳрнок ва металлҳои вазнин низ, ёфт шуда истодаанд.  
Таҳияи М. ТАБАРӢ
 
 
 
СУХАНОНИ КӮТОҲ
 
Ҳангоме ки даре аз хушбахтӣ ва оромиш ба рӯи мо баста мешавад, даре дигар боз мешавад, вале мо аксар вақт чунон ба дари баста чашм медӯзем, ки дарҳои бозро намебинем.
* * * 
Омӯхтаам, зиндагӣ ҳамеша олӣ ва комил нест, аммо ҳамеша ҳамоне аст, ки ту шодӣ. Пас, онро ба ёдмонданӣ бисоз ва ҳаргиз иҷоза надеҳ, касе хушбахтӣ ва оромиши туро аз ту бигирад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
Мӯд
КАТЕГОРИЯИ МАХСУСИ ЭСТЕТИКӢ Ё ТАРЗИ ЗИНДАГӢ 
Либоси аз ҷониби дизайнерон таҳияшуда, ки имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад, аз категорияи махсуси эстетикӣ дида, ба тарзи зиндагӣ наздиктар аст. Барои мӯд шудани либоси таҳиянамудаашон садҳо тарроҳони маъруфи брендҳои машҳури ҷаҳон муборизаи шадид мебаранд.
Рубрикаи нави «Шоми шанбе» ҷолибтарин факту рақамҳоро аз олами мӯд ва рӯзгори кутюрйеҳои машҳур пешкаши хонанда мегардонад.  
1. Нахустин ҳафтаи расмии мӯд соли 1943 дар шаҳри Ню-Йорк ташкил шуд. Мақсади асосии он мардуми маҳаллиро аз тобеият ба мӯди фаронсавӣ озод намуда, ба дизайнерони амрикоӣ роҳ кушодан буд. 
2. Соле дар ҷаҳон на камтар аз 40 ҳафтаи мӯд ва зиёда аз 100 чорабинӣ дар ин самт баргузор мешавад. Пойтахтҳои мӯди ҷаҳонӣ Милан, Ню-Йорк, Берлин, Лондон ва ҳатман Париж маҳсуб меёбанд.
3. Барои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудан, дизайнерон бояд аз Палатаи «Syndicale» 2 ҳуҷҷати расмӣ бигиранд. Вале, таҷриба нишон медиҳад, ки ин кори саҳл нест. Тасдиқномаи кутюрйеҳои машҳурро дар ҷаҳон танҳо 14 хонаи мӯд дораду халос. Аз дизайнерони машҳур чунин иҷозатномаро танҳо Георгио Армани молик аст. 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
 
КАМГАП БОШЕМ!
Моҳии даҳонпӯши-даро ҳеҷ кас ба шаст афтонда наметавонад. Шумо ҳам даҳони худро пӯшед ва нагузоред, то забони сурх сари сабзро барбод диҳад. Моҳӣ аз кушодани даҳон чангак ба ком мегирад ва дар кӯтоҳтарин фурсат дастархонеро “оро” медиҳад. Бо умеди моҳии тилло шуда, масали “даҳони баста – сад тилло”-ро фаромӯш накунед!
Таҳияи Фаридуни ФАРҲОДЗОД
 
 
 
 
ЭМИЛ ЛЕВАССОР – АВВАЛИН ҒОЛИБИ ПОЙГАИ АВТОМОБИЛӢ
11 июни соли 1895 бо хатсайри Париж-Руан аввалин бор пойгаи автомобилӣ сурат гирифт, ки муҳандиси фаронсавӣ Эмил Левассор ғолиби он гардид. 
Эмил бо Рене Панаром Ширкати начандон калони «Панар-Левассор», ки бо коркарди чӯб машғул буд, боз карда, аз даромади он соли 1890 аввалин намунаи мошини худро сохтанд. Левассор пас аз ғалаба ба расонаҳои хабарӣ чунин гуфта буд: «Ин ҳатто боварнокарданист. Ман суръати мошинро дар як соат ба 30 километр расондам». 
Эмил  соли 1897 дар пойгаи автомобилии Париж-Марсел-Париж  иштирок ва ба хотири сагеро пахш накардан, дучори садама шуд ва баъди як сол бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар Париж фавтид. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
РОБОТ-ЧАНГКАШ –  ОРЗУИ ҲАР КАДБОНУ
Гаджетҳо чунон босуръат ба зиндагии мо ворид шуда истодаанд, ки дигар бисёре аз корҳоро худамон кардан намехоҳем: дилхоҳ маҳсулотро то дами дар мерасонанд, бо пахши як тугма таксӣ дами дар ҳозир мешавад, ҳатто ҳангоми рондани автомобил имкон медиҳанд, ки даст дар чамбарак надошта бошем.
Кори хона ҳам истисно нашуд. Робот-чангкаши навбаромад бе мо ҳам хонаро тоза мекунад. Он худаш «харита»-и манзилро кашида, ҳангоми зарурати рӯбучин, ба кор медарояд. Агар тамоми хонаро нею поккории як қисмати он лозим ояд, танҳо «хоҳиш кардан» даркор асту бас. Дар хона WiFi фаъол бошад, шуд. 
Робот-чангкаши «DEEBOT OZMO 950» ҳаҷман хурд буда, истифодаи бисёр осон ва қулай дорад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
МАҲБАСЕ, КИ АРЗИШҲОИ ИНСОНИРО ҲИФЗ МЕКУНАД
Дар шаҳри Леобени Австрия маҳбасе ҳаст, ки бо тарҳи ҷолибаш на ба зиндон, балки ба офису биноҳои бароҳати хидматрасонӣ монанд аст.
Дар дохили муассисаи ислоҳӣ ошхона, китобхона, толори варзиш мавҷуд буда, дар ҳавлии зиндон тенниси рӯи миз гузоштаанд. Гузашта аз ин, барои маҳбусон барномаҳои консертӣ низ, ташкил карда мешавад.
Бо чунин тарҳу шароит амал кардани зиндон аксар вақт мавриди норозигиву интиқоди шаҳрвандон гардидааст. Мунаққидон даъво мекунанд, ки ҷинояткорон набояд дар чунин шароит нигоҳдорӣ шаванд. Вале посухи маъмурияти зиндон ба ҳама гуна иддаоҳо ин аст, ки муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бояд дар ислоҳу тарбияи муҷримон нақш гузорад ва арзишҳои инсониашонро ҳифз намояд.
Як вижагии зиндон дар он аст, ки ҳукми бошандагонаш набояд аз 18 моҳ зиёд бошад.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
САДОИ ҚАЛБИ СОАТ
Деҳқоне дар саҳро соаташро гум кард, ки хеле боарзиш буд. Баъд аз ҷустуҷӯи зиёди бенатиҷа, қариб аз баҳри он мебаромад, ки каме дуртар як гурӯҳ бачаҳоро саргарми бозӣ дарёфт. Назди онҳо рафт ва ваъда дод, ҳар кӣ соатро пайдо кунад, соҳиби туҳфа мешавад. Бо шунидани ин таклиф, бачаҳо ҳама ба киштзор тохтанд ва аз аввал то охири онро ба қавле аз нӯги сӯзан гузаронданд. Вале бенатиҷа. Ҳамин асно писараки хурдсоле омаду як шанси дигар хост. Деҳқон ҳам, ки дигар ноумед буд, розӣ шуд.
Ғайриинтизори ҳама пас аз чанд дақиқа, писарак соат дар даст аз мазраъ берун омад. Деҳқон, ки акнун аз шодӣ дар курта намеғунҷид, сирри ин амал пурсид. 
- Кори зиёде накардам. Танҳо дар майдон нишаста, ба садои қалби соат гӯш андохтам. Дар оромӣ тик-тики тири он ба гӯшам расид, - гуфт писарак.
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
МОДАР ТЕРЕЗА – МЕҲРУБОНТАРИН ОДАМИ ДУНЁ
Агнес Гонҷе Боядҷу, ки дар ҷаҳон бо номи Модар Тереза машҳур аст, 26 августи соли 1910 дар Скопейи пойтахти Македонияи шимолӣ таваллуд шуд. Ӯ яке аз занони меҳрубонтарини дунё ба шумор рафта, бо нияти ёрдам ба кӯдакони камбизоати Ҳиндустон дар 18-солагӣ роҳибаи калисо шуд. Пас аз чанд сол ба Калкуттаи Ҳиндустон рафта, омӯзгорӣ кард. 
Соли 1948 таълимро тарк карда, худро пурра ба камбағалону беморон бахшид ва “Ҷамъияти Мисионерони хайрхоҳ”-ро таъсис дод, ки баъдтар ба яке аз маъруфтарин созмонҳои хайриявии ҷаҳон табдил ёфт. 
Агнес Гонҷе барои хайрхоҳӣ ҷоизаву мукофоти зиёд, аз ҷумла ҷоизаи Нобелро дар соли 1979, сазовор гардидааст.
Таҳияи З. РАҶАБ
Санаи нашр: 09.06.2023 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив