ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ.  ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲО 170 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД

КӮЛОБ.  ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲО 170 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД

07 феврал 2023, Сешанбе
40
0
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар тамоми манотиқи кишвар рушд карда истодааст. Шароити мусоид фароҳам омадааст, ки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дониши худро сайқал диҳанд. 


Вобаста ба ҳамин масъала Қадамшо Ҳакимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки соли сипаригашта 118 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок намуда, 18 ҷойи аввал, 23 ҷойи дуюм ва 77 ҷойи сеюмро касб карданд. Ба гуфтаи Қ. Ҳакимзода, соли гузашта иштироки хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ натиҷаи хуб нишон дод. Дар олимпиадаи мазкур 118 хонанда соҳиби ҷойҳои намоён ва мукофоту сипоснома гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 57 ҷой зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки таълимгирандагони шаҳр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 170 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Аз ҷумла, 15 ҷойи аввал, 58 дуюм ва 98 ҷойи сеюм. 
Қадамшо Ҳакимзода афзуд, ки Абубакри Ҳофиз, хонандаи Литсейи № 2 ва Шавқат Ализодаю Акбари Зафар, таҳсилкунандагони Литсейи № 1-и шаҳр, дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Анталияи давлати Туркия иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ишғол ва соҳиби диплом гардиданд. 
- Соли гузашта дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор як муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст аз тарафи Фонди саудӣ бо фарогирии 10 синфхона, кабинети технологияи иттилоотӣ ва дафтари омӯзгорон мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар назди Муассисаи таълимии № 38-и Ҷамоати деҳоти Даҳана 8 синфхонаи иловагӣ бо 200 ҷойи нишаст аз ҳисоби Сафорати Ҷопон сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - гуфт мудири маорифи шаҳр. 
Номбурда зикр намуд, ки дар  таълимгоҳҳои дигари шаҳр низ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 42-и шаҳр 10 синфхона барои 240 нафар хонанда сохта шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. 
- Дар Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 айни ҳол сохтмони муассисаи таълимии нав дар маҳаллаи Розия Абдушукурова (барои 1250 ҷойи нишаст, ҳамзамон, сохтмонаш боз дошта шудааст), сохтмони мактаби нав бо 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва сохтмони таълимгоҳи нав бо 240 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор идома дорад, - гуфт Қадамшо Ҳакимзода.
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.02.2023 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив