ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБИДҶОН АМИНЗОДА: «ҶАВОНӢ БО МУБОРИЗА ЗЕБОСТ»

ОБИДҶОН АМИНЗОДА: «ҶАВОНӢ БО МУБОРИЗА ЗЕБОСТ»

12 июн 2023, Душанбе
10
0
 
Обидҷон Аминзода, донишҷӯи риштаи чинии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад. Дар шаҳри Панҷакент, ки бо номи ифтихории «Помпейи Осиёи Марказӣ» маъруф мебошад, таваллуд шудааст. Ҷавони гармрӯву меҳнатдӯсте буда, ҳамеша бо табассум ба зиндагӣ нигоҳ мекунад. Саршор аз умеду эътимод ба оянда аст.
Ҳама мутааҷҷибанд, ки барои чӣ вай маҳз ном дорад. Дарвоқеъ, номи чинии омӯзгораш ба ӯ гузошта шудааст. Дар оғози омӯзиш сатҳи забони чинияш он қадар хуб набуд ва танҳо , ки ба тоҷикӣ «шоҳзода» тарҷума мешавад, гуфта метавонист. Ба ҳамин хотир, устодону ҳамкурсонаш ӯро чунин ном мегирифтанд ва ин ӯро водошт, то барои хуб аз худ кардани забони чинӣ тасмими ҷиддӣ гирад. Вақте ӯ ба омӯзиши забони чинӣ шуруъ кард, қариб чизеро намефаҳмид, аммо дар ниҳоят роҳи хуби омӯзишро тавассути талошҳои пайдарпай пайдо намуд. Вай мегӯяд: "Фарҳанги Чин бою рангоранг аст, ҳар як омӯзандаи забони чинӣ метавонад он чизеро, ки ба ӯ писанд аст, аз қабили рақси чинӣ, асбоби мусиқии чинӣ, фарҳанги таомҳои миллии чинӣ, санъати ҳарбии суннатии ин мардумро биомӯзад.
Ба ман филмҳои чинӣ хеле писанд аст, бахусус филмҳои мазҳакавии шавқовар талаффуз ва грамматикаи маро ислоҳ намуд ва сатҳи забондонии маро баланд бардошт. Инчунин, истифодаи барномаи        , тамошои телевизион ва барномаҳои гуногун писанд аст. Тавассути ин гуна барномаҳои медиавӣ ман бештар Чини аслиро мебинам ва он диққати маро ба худ ҷалб кардааст. Баъдтар тасмим гирифтам, то ба Чин сафар ва онро аз наздик бубинам. Илова бар ин, зуд-зуд дар озмунҳои мухталифе, ки Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ баргузор мекунад, ширкат меварзам ва аз озмунҳои пурмазмуну рангин баҳраманд гаштаам. Нокомӣ дар муваффақиятҳоям таҳаввул ёфт ва дар ниҳоят ба шахси беҳтаре табдил ёфтам".
Обидҷон Аминзода соли гузашта низ, дар даври 21-уми Озмуни ҷаҳонии "Пули забони чинӣ" миёни донишҷӯён ширкат варзида, дар ҳаштгонаи беҳтарин қарор гирифта буд. Вай имсол дубора дар ҳамин озмун ширкат варзид. Ӯ ба ин озмун ҷиддан омодагӣ медид, бо устодону дӯстон маслиҳат мекард, қироаташро сабт менамуд, талаффузашро гаштаю баргашта ислоҳ менамуд, саҳнаи озмунро дар назди оина тақлид мекард, ҳаяҷонашро бартараф менамуд ва ҳисси худбовариро такмил медод. Ба шарофати ин ҳама саъю кӯшиш, бо маҳорати хос ва қироати порчаи шеъри дорои муҳтавои баланд таваҷҷуҳи доваронро ба худ ҷалб кард. Ҳар як вожаро бо эҳсос талаффуз мекард, бениҳоят олӣ баромад намуд ва ин ҳама ба доварону тамошобинон таассуроти амиқ гузошт. Ранҷи омӯзиш самараи хуб бахшид ва дар охир ӯ бо истеъдоди фавқулода ғолиби озмун эълон гардид.
Пас аз эълони натиҷаи ниҳоӣ Обидҷон бо эҳсос гуфт: «Гарчанде озмун ба охир расид, вале ман дар рафти он чизҳои бештаре омӯхтам. Аз Донишкадаи Конфутсий, ки барои мо чунин шароитеро барои муаррифии хеш фароҳам овард, миннатдорам. Сипосгузории худро ба устодонам, ки заҳматҳои шабонарӯзӣ мекашиданд, мерасонам. Дар баробари ин, сипосгузорам аз рақибонам, ки тавассути онҳо хатоҳои худро бартараф кардам. Мо гарчанде дар саҳна ҳарифи якдигар будем, аммо берун аз саҳна дӯсти ҳамдигар гаштем. Бо ҳам аз меҳнати душвор ва шодии омӯзиши забони чинӣ лаззат бурдем. Омӯзиши забони чинӣ моро водошт, то мо ба Чин ва руъёҳои худ наздик шавем. Ҷавонӣ зеботарин бахши зиндагист ва танҳо бо талош ва заҳматҳои пайваста мо метавонем ба он маъно бубахшем. Ҳаёт ҳеҷ гоҳ ба одамоне, ки талош меварзанд, ҷавоби рад намедиҳад. Хушбахтии ояндаи мо аз ҷамъи кӯшишҳои гузаштаи мо вобаста аст".
Обидҷон ба ҳама ҷавонон, ки мақсади омӯхтани забони чиниро доранд, чунин пешниҳоди ҷолибе дошт: «Аз нури Офтоб ва ҷавонӣ баҳра бигиред, он чизеро ки мехоҳед, иҷро кунед ва далерона аз пайи орзуҳои худ биравед. Бовар дорам, ки агар шумо ба осонӣ таслим нашавед, метавонед дар осмони омӯзиши забон баландтар ва дуртар парвоз кунед!
 
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 12.06.2023 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив