ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМ. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

08 феврал 2023, Чоршанбе
63
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ, боз ҳам самаранок намудани фаъолияти хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи хос  зоҳир карда, ба манзури таҳкими эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ин аст, ки дар ташкил, танзим ва инкишофи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ паёмҳои Президенти мамлакат нақши муҳим доранд. 
Ҳанӯз 25 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳор доштанд: “Ба ҳама маълум аст, ки сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл  аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст”. 
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба тавсеаи фаъолияти хизмати давлатӣ дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд гомҳои устувор мегузорад. Муваффақиятҳо ва дастовардҳои назаррас дар ин самт аз фаъолияти самаранокии дастгоҳи давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ вобастагии амиқ дорад. Ҳеҷ як давлат бе дастгоҳи давлатӣ ва бе низоми самараноки хизмати давлатӣ арзи вуҷуд дошта наметавонад. Хизмати давлатӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ барои таъмини фаъолияти самаранок ва ратсионалии давлат пешбинӣ шудааст. Хизматчиёни давлатӣ бошанд, неруи пешбарандаи давлату давлатдорӣ буда, вазифаи худро ба воситаи мансабҳои давлатӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, амалӣ менамоянд. Ташаккули заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ин ҷода чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  аз  ҷумла  қонунҳо,  фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  шудаанд. Чунончи, 9 июни соли 2007 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 264 “Дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, баъдан ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки ҳоло ин ниҳод дар таҳкими фаъолияти хизмати давлатӣ нақши муассир мегузорад.
Ҳоло дар вазъи печидаи ҷаҳони муосир мо, бояд шукргузор аз он бошем, ки кишвари азизамон бо ҳидоят ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, ҳадафҳои стратегӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегарданд. Дар пайи тадбирҳои судманди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷикистон аз кишвари истифодабарандаи неруи барқи хориҷӣ ва дар бунбасти комуникатсионӣ қарордошта, ба мамлакати содиркунандаи неруи барқ ва транзитӣ табдил гардидааст, ки боиси қаноатмандӣ ва ифтихори ҳар фарди озоди ин сарзамин аст.
Хизмати давлатӣ, ки самаранокии он ба рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъсиргузор аст, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) низ ҷойгоҳи махсус дошт. Дар он Пешвои миллат фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро таҳлил карда, дурнамои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуданд. Дар зимн, Сарвари давлат бори дигар ба таҳкими фаъолияти хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳ намуда, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ донистанд. Дар ҳамин ҳол, пешниҳоди Президенти маҳбуби кишвар дар бораи зиёд кардани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ (25 фоиз), дигар кормандони ин мақомот (20 фоиз), муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо (20 фоиз) истиқболи гарму самимӣ пайдо намуд.
Чунин ғамхориҳо моро вазифадор месозанд, ки дар заминаи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал карда, ватандӯсту содиқ ба арзишҳои миллӣ бошем ва барои рушду пешрафти минбаъдаи сарзамини биҳиштосоямон аз худ нақше боқӣ гузорем. 
 
Машраби ДАВРОН,
муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи ВМКБ
Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив