ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

16 июн 2023, Ҷумъа
15
0
 
Яке  аз  шахсоне, ки  тамоми  фаъолияти   меҳнатии хешро  баҳри  рушди соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй равона намудааст,  номзади илмҳои тиб, дотсент Иззатулло Файзиев  мебошад.
Ӯ 15 майи соли 1953  дар  ноҳияи  Шаҳристон  таваллуд шудааст. Соли 1970 баъди хатми  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳи  тиббии  шаҳри Одесса  ба номи   Н.И.Пирогов   дохил шуда,   солҳои 1975-1978 ҳамчун табиб-стоматологи шуъбаи ҷарроҳии стоматологии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1 (ҳоло БКШ №5) ва аз 01.02.1978 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии стоматологии БКШ №5 фаъолият намудааст. Соли 1987 рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои тиб мегардад.    
Солҳои 1984-1989 ҳамчун ассистенти  кафедраи  стоматологияи  муолиҷавӣ, солҳои  1990-1995 ба ҳайси мудири кафедраи  стоматологияи  муолиҷавии  Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон  ба номи  Абуали ибни Сино кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи  январи  соли 1996 то  моҳи августи  соли 2002  ҳамчун  дотсент  ва солҳои 2002-2004 ҳамчун  мудири  кафедраи  стоматологияи  шуъбаи Хуҷандии  Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино фаъолият дошт.  Аз моҳи  майи соли 2004 то  соли 2016 ҳамчун мудири  кафедраи  стоматологии шуъбаи Хуҷандии  ДТИБКСТ Ҷумҳурии Тоҷикистон корро идома дод.
Мавсуф табиби дараҷаи олӣ мебошад. Аз соли1995 то соли 2005  раисии созмони  стоматологҳои  вилояти Суғдро ба уҳда дошт.
И.  Файзиев яке аз олимони машҳури соҳа ва мутахассиси ботаҷрибаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мебошад. Ӯ муаллифи  зиёда аз 80 мақолаи илмист.  Саҳмаш  дар корҳои ташкилӣ ва гузарондани чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, назаррас мебошад. Аз ҷумла, соли 1999 бахшида ба  1100-солагии  Абуали ибни Сино дар шаҳри  Хуҷанд  конфронси илмӣ—амалии  стоматологҳои  вилояти Суғдро  доир намуд. Соли 1985  дар анҷумани  стоматологии  Тоҷикистон  ва  соли 1992 дар анҷумани стоматологии Ҷумҳурии Туркманистон  дар   шаҳри Ашқобод  иштирок ва баромад кардааст. 
Меҳнати ӯро бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳматномаҳои маъмурияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва филиали  Хуҷандии ДДТТ, МИҲД  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ намуданд. И. Файзиев бо донишу хоксорӣ, меҳнатдӯстию меҳрубонӣ ва масъулиятшиносию ташкилотчигӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю этибори баланд мебошад.  
Итминони комил дорем, ки минбаъд низ устод И.Файзиев донишу таҷриба ва истеъдоди фитрии хешро баҳри рушди соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй бахшида, ба ин васила, дар таҳкими рушди илми тиб саҳми муносиби хешро мегузорад ва баҳри солимии инсон ва ояндаи неки ӯ меҳнати шоиста менамояд.
             
М. ҚОСИМОВ, 
директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи
илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив