ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ИФТИТОҲИ БИНОИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ИФТИТОҲИ БИНОИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

21 июн 2023, Чоршанбе
18
0
 
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, нахуст, бинои комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 260 метри мураббаъ бо тарҳу усули муосири меъморӣ ва мувофиқ ба меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ бунёд шуд.
Фармоишгари иншоот Вазорати мудофиа буда, барои кору хизмати афсарон ва, умуман, фаъолияти ҳамарӯзаи ҳайати шахсӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё мебошад.
Дар бино барои хизматчиёни ҳарбиву кормандон нуқтаи навбатдории фаврӣ, толор барои доир намудани ҷамъомаду ҷаласаҳо, ҳуҷраҳои кориву маишӣ мавҷуданд ва он бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи зарурӣ таъмин аст.
Ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ, мебел, воситаҳои алоқаи муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Гармии ҳуҷраҳои корӣ дар фасли зимистон тавассути системаи мустақили гармидиҳӣ таъмин мешавад. 
Дар иншоот барои баргузор намудани машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, дарсу таълимоти гуногуни низомӣ, ташкили комиссияи даъватии шаҳрвандон ва доир кардани дигар чорабиниҳои нақшавии масъулини мақомоти вобастаи соҳа толори алоҳида мавҷуд мебошад.
Бино мувофиқи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ, бо девор ва панҷараҳои мустаҳками оҳанӣ иҳота шудааст. Дар  саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ фаввораи замонавӣ ва барои нишасту қабули шаҳрвандон суҳбаткадаи нав бунёд гардид, ки ба симои шаҳраки Ховалинг зебу зинат мебахшад.
 
МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТӢ 
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисию табобатии назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.
Марказ дар ошёнаи якуми бинои панҷошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ мешаванд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкор Абдулло Ҳасанов тули ҳафт моҳ бо сатҳу сифати баланд сохта шуд. Он дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.
Ҳайати омӯзгорони доимӣ 45 ва муваққатӣ 22 нафарро ташкил дода, онҳо дорои малакаи баланди касбӣ ҳастанд. Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин бисёр намуди таҳлилҳоро гузаронанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марказ беш аз 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуд.
Ҳар як ҳуҷра ва нуқтаҳои хизматрасонии маркази ташхисию табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи беморон фароҳам аст.
Ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ ҳашт намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад. Ҳамчунин, дар марказ барои қабули беморон 10 кати хоб мавҷуд мебошад.
Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ва гузарондани машғулиятҳои донишҷӯён аст.
Акнун, сокинони ноҳия метавонанд аз хизматрасонии марказ васеъ истифода намоянду донишҷӯёни Коллеҷ таҷрибаомӯзӣ кунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои арзанда дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони ҳирфавӣ роҳнамоӣ карданд.
 
ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ – КИШВАРШИНОСӢ
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносиро ба истифода доданд.
Иншооти нав мувофиқи дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст ва дар 144 метри мураббаъ қомат меафрозад. 
Осорхона шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.
Дар ошёнаи якум гӯшаҳои асарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  номи  “Президенти мо”, бозёфтҳои кормандони осорхона ва гурӯҳи кории бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, осори таърихию фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи ноҳияи Ховалинг дар қабати дуюми иншоот ба намоиш гузошта шудааст. Ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошанд, ки бинандагонро бо гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик ошно месозанд.
Дар осорхона зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолҳои рӯзгордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ, ҷамъоварӣ гардидаанд.
Ёдгориҳои осорхона марбут ба асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, давраи пеш ва баъди истиқлолият мебошанд.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг баҳри тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқамон мусоидат мекунад. Зеро дар гӯшаҳои осорхона ёдгориву бозёфтҳо аз давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла Ҳахоманишиниён, Селевкиҳо, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён, мавҷуданд.
Тавре зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, имрӯзҳо беш аз 10 унвонҷӯи дохилию хориҷӣ дар осорхона ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошад.
Осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд.
 
КОРГОҲҲОИ МЕВАХУШККУНӢ ВА ҚАННОДИИ ҶДММ “ОБИ ХОВАЛИНГ”
 
20 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодиии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан карданд.
 
Нахуст,  Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунӣ  шинос шуда, ба сифати маҳсулоти он баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мевахушккунӣ ба хотири коркарди маҳсулоти кишоварзии кишвар ва мутобиқ ба талаботҳо бастубанд намудани онҳо бунёд гардида, барои рушд додани бахши агросаноатӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Коргоҳи навтаъсис имкон дорад,  то тамоми навъҳои меваро коркарду хушк намуда, дар доираи талаботи байналмилалӣ бастубанд кунад. Маҳсулоти ниҳоии он бо тамғаи “Меваҳои Ховалинг” омода гашта, ба бозорҳо пешниҳод мешавад.
Иттилоъ доданд, ки дар як шабонарӯз корхона қудрат дорад, ки то 4 тонна маҳсулотро коркард ва барои фурӯш омода созад.
Дар корхона себ, олу, зардолу, тут, гелос, нок ва дигар номгӯи мева коркарду хушк гардида, бо дарназардошти талаботи мизоҷон  коргоҳ метавонад гӯштро ҳам хушк карда, ба хоҳишмандон пешниҳод намояд.
Дар коргоҳи мевахушккунии “Меваҳои Ховалинг” хатҳои муосири истеҳсолӣ насб шудаанд, ки сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин менамоянд. Ҳамчунин, бастубанди меваҳои хушккардашуда бо намову шакли зебову бозоргир роҳандозӣ гардидааст, ки ба ин васила, содироти онҳо мувофиқи талабот мебошад. Дар навбати аввал маҳсулоти “Меваҳои Ховалинг” дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, минбаъд имкон аст, ки содироти он низ, роҳандозӣ шавад, зеро истеҳсолот дар коргоҳ тибқи талаботи ҷаҳонӣ мебошад.
Феълан, коргоҳ меваро барои коркард  аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва минтақаи Кӯлоб дастрас менамояд. Пас аз боровар гардидани боғҳои Ҷамъият, ки дар онҳо дарахтони себ, нок, чормағз ва зардолу шинонда шудаанд, эҳтиёҷоти коргоҳ аз ҳамин ҳисоб қонеъ мегардад.
Дар корхона 20  сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи қаннодӣ шинос шуданд, ки дар он барои таъмини аҳолӣ истеҳсоли маҳсулоти аълосифату хуштаъм ба роҳ монда шудааст.
Тавре иттилоъ доданд, айни замон коргоҳ қариб 30 номгӯи маҳсулотро истеҳсол мекунад, ки барои харидорони минтақаи Кӯлоб ва сокинони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод мешавад.  
Дар корхонаи мазкур хатҳои муосири истеҳсолӣ насб шуда, дар як шабонарӯз беш аз 5 тонна ордро коркард ва навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мегардад.
Пас аз курсҳои бозомӯзӣ дар корхона 20 нафар, ки қисмати бешатарашонро занон ташкил медиҳанд, бо ҷои кор таъмин ва дар маҷмуъ, дар ин ду корхонаи навтаъсис 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор шуд.
Коргоҳи қаннодӣ ба мизоҷон маҳсулоти баландсифати навъҳои гуногуни кулчақандҳо, шириниҳо бо таъму лаззати махсус ва маҳсулоти нонӣ пешниҳод месозад ва метавонад фармоиши мизоҷонро қабул намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти корхонаҳо баҳои баланд дода, иқдоми Ҷамъиятро дар роҳи васеъсозии истеҳсолот шоистаи таҳсин хонданд.
Коргоҳҳои мазкур аз ҷониби ҶДММ “Оби Ховалинг” бунёд гардида, бо ифтитоҳи ин ду иншоот шумораи корхонаҳои Ҷамъият дар ноҳия ба шашто расид.
Коргоҳҳои саноатии Ҷамъият ба истеҳсоли обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, макарон, меваҳои хушк, бандубасти асал ва гиёҳҳои шифобахш машғул буда, нақши онҳо дар таъмини бозорҳои ноҳия ва минтақа бо ин номгӯи маҳсулот назаррас мебошад.
Дар саҳни корхонаҳои нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар он, асосан, асали бандубастгардида, навъҳои гуногуни мева аз боғҳои ноҳия ва маҳсулоти донагӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Иттилоъ доданд, ки айни замон Ҷамъият мувофиқи завқу хоҳиши мизоҷон асалро бандубаст мекунад ва маҳсулоти ниҳоии худро ба бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебарорад. Корхона иқтидор дорад, то 30 тонна асалро бо шаклу намуди зебо коркард ва бандубаст намуда, дар зарфҳои ғунҷоишашон гуногун пешниҳоди мизоҷон созад.
Дар маҷмуъ, иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши занбӯри асал мувофиқ буда, соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  74,5 тонна асали аълосифат истеҳсол гардид. Феълан, дар ноҳияи Ховалинг 4362 оилаи занбӯри асал парвариш мешавад. 
Таъкид шуд, ки айни замон дар ноҳияи Ховалинг дар масоҳати 3291 гектар боғ доман густурдааст, ки 2084  гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Соли гузашта аз боғҳои ҳосилдиҳандаи ноҳия 5820 тонна навъҳои гуногуни мева ҷамъ оварданд ва имсол, тибқи нақша, ин нишондод то ба 8600 тонна бояд расонда шавад. Ҳамчунин, ба хотири рушди бахши боғу токпарварии ноҳия дар масоҳати 8 гектар боғи интенсивӣ низ, бунёд гардид.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ бамаротиб беҳтар шуда, дар заминҳои корам намудҳои гуногуни трактор, техникаи нармкунандаи байни қаторҳо, ядакҳои тракторӣ, култиваторҳо, комбайнҳои ғалладарав, дорупошакҳои тракторӣ ва дигар номгӯи таҷҳизоту техникаи соҳавӣ машғули коранд. Аз ҷумла, дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Ховалинг 261 трактор, 24 комбайни ғалладарав, 114 ядак барои трактор, чор дастгоҳи махсуси картошкашинонӣ ва ғайра дар хизмат қарор доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои боздид ва суҳбатҳои самимӣ, кишоварзонро вазифадор карданд, ки ҳосили киштзорҳоро беталафу сари вақт ҷамъ оварда, истифодаи самараноки ҳар порча заминро дар ноҳия роҳандозӣ намоянд.
 
МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ИСТИРОҲАТГОҲИ ТОБИСТОНА БАРОИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ЯТИМ 
 
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони "Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим" шинос гардида, барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид  доданд.
Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки иншооти мазкур барои фароғату истироҳати мавсимии 200 кӯдаку навраси ятим пешбинӣ мегардад.
Он дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 ҳуҷра ҷой мегирад. Ҷойҳои хоби духтарону  писарон дар алоҳидагӣ бунёд мешаванд. Ҳамчунин, тибқи нақша, дар истироҳатгоҳ синфхонаҳои омӯзиши ҳунарҳои духтаронаву писарона ташкил гардида, дар идомаи истироҳат кӯдакону наврасонро ба касбомӯзӣ фаро мегиранд. Дарсҳои рассомӣ низ, дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронда мешаванд. Инчунин, дар назар аст, ки дар истироҳатгоҳ толори синамо, толор барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, ошхона барои истироҳаткунандагон ва роҳравҳои  барҳавову зебо бунёд меёбанд.
Аснои муаррифии тарҳи мазкур иброз гардид, ки дар бино, ҳамчунин, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи алоҳидаи муррабиён, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ ҷой мегиранд ва истироҳаткунандагон метавонанд аз фаъолияти китобхонаи барҳаво истифода баранд.
Намои берунаи иншоот низ бо дизайни зебову замонавӣ бунёд шуда, дар саҳни истироҳатгоҳ ҳавз барои оббозӣ, суҳбаткадаҳои зебову замонавӣ, майдони хурди варзишӣ ва майдони замонавӣ барои футбол  ҷой мегиранд. Тибқи лоиҳа, гирду атрофи иншоот сабзпӯш шуда, барои сайругашти истироҳаткунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Раҳмиддин Каримов бунёд мегардад ва тибқи нақша, сохтмон то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом мерасад .
Бунёди иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кӯдакону наврасони ятим таътили худро дар шароити мусоиду мувофиқ гузаронда, дар баробари ин, ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб гарданд.  
Пешвои муаззами миллат ин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонда, барои фароҳамсозии шароити мусоид ба кӯдакону наврасони ятим дар ин истироҳатгоҳ ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.
 
ШИНОСОӢ БО НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ БА НОМИ САИДАҲМАД КАРИМ”
 
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои корами Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” бо нашъунамои картошка шинос шуданд.
 
Масоҳати кишти картошка 3 гектарро ташкил медиҳад. Нашъунамои ниҳоли зироати навъи “Гала” ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад. Сабзиши хуби картошка аз меҳнати пайваста ва риояи талабот зимни кишту парвариш дарак медиҳад. Мувофиқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳа, ҳосил аз майдони картошка 400-450 сентнерро ташкил хоҳад дод.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” якҷо бо аҳолӣ дар майдони 13 гектар картошка кишт шуд. Картошкаро даҳаи аввали моҳи май кишта, аллакай, ду маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронда, бо дарназардошти талабот ва меъёри муайяншуда бо нуриҳои минералӣ таъмин кардаанд.
Айни замон зироат дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад ва гуфта мешавад, ки ҳосилро аввали моҳи август, яъне пас аз 90 рӯзи кишт, ҷамъ меоваранд. Дар баробари картошка, ин ҷо, ҳамчунин, дар масоҳати 0,3 гектар помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот кишт шудааст. Нашъунамои сабзавот низ хуб мебошад.
Ноҳияи Ховалинг барои машғул шудан ба кишоварзӣ иқлим ва обу ҳавои мусоид дорад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишт ва парвариши зироат имкон фароҳам меояд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминро муҳим шумурданд. Таъкид гардид, ки сокинон бо зиёд намудани майдони картошка метавонанд даромади хуби иқтисодӣ гирифта, зиндагии шоиста дошта бошанд. Картошка барои аҳолӣ маҳсулоти ниёзи аввал маҳсуб ёфта, дар бозор талабгори зиёд дорад. Бо истифода аз иқлим ва обу ҳавои мусоид кишоварзони ноҳия соли равон кишти  ин навъи зироатро дар масоҳати 400 гектар ба роҳ монданд.
Дар ҳамин минтақа соли гузашта кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони 5 гектар беда кишта, соли равон, аллакай, як маротиба дарав намудаанд.
Иттилоъ доданд, ки дар назди Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” хоҷагии ёрирасон ташкил шуд ва дар он 175 сар чорвои майда парвариш меёбад. Ҳамасола барои нигоҳубини чорво аз хоҷагӣ, ки заминҳои он 107 ҳазору 785 гектар мебошад, 280 тонна хӯроки чорво, аз ҷумла 120 тонна беда, ҷамъ меоваранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-ро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ба кишоварзон барои кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосил маслиҳатҳои муфид доданд.
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив