ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ КОРИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АРАБИСТОНИ САУДӢ

САФАРИ КОРИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АРАБИСТОНИ САУДӢ

19 июл 2023, Чоршанбе
15
0
18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар  Фурудгоҳи  байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири молия, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив