ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

19 июл 2023, Чоршанбе
34
0
 
18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шурои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шуданд.
 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни Фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.
Дар назар аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибни Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир мегардад.
 
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив