МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБАНГУЛИ БЕРДИМУХАМЕДОВ
4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон бо Пешвои миллии халқи Туркманистон, Раиси халқ маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ карда, ба таъмиқи шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, зарурати тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, табодули назар анҷом ёфт.
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
19 май 2023, Ҷумъа
ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН, 18 МАЙИ СОЛИ 2023
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)