ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРДАР БЕРДИМУХАМЕДОВ

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРДАР БЕРДИМУХАМЕДОВ

08 август 2023, Сешанбе
13
0
 
4 августи соли 2023 дар Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот карданд.
 
Сарварони давлатҳо маҷмуи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо баррасӣ намуданд. Ба иҷрои мувофиқаҳое, ки аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон моҳи майи соли 2023 ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи савдои мутақобила ва дастгирии тамоюли афзоиши бемайлони он пуштибонӣ намуданд. Дар ин робита, зарурати истифодаи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон ва амалияи баргузории форумҳои соҳибкорон  таъкид шуд.
Ҳамзамон, атрофи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди эътимод ва мавҷудияти иқтидори зиёди ҳамкориҳои ду кишварро таъкид карда, аз рушди минбаъдаи рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиати тарафҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив