ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

11 август 2023, Ҷумъа
26
0

 
Корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хатти конвейерӣ 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО “Роғун” бо рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хатти конвейерӣ дар нақби КТ-9 шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дарозии хатти конвейерӣ дар марҳилаи сеюм 7 ҳазору 500 метрро ташкил намуда, аз он 2 ҳазору 95 метраш аз дохили нақб мегузарад.
Айни замон васлу насби хатти конвейерии Т-1, Т-2 дар дохили нақб ба масофаи 1 ҳазору 700 метр бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расида, дар қисматҳои боқимонда корҳои оҳану бетонӣ идома доранд. Дарозии хатҳои конвейерӣ 11 километр буда, дар марҳилаҳои 1 ва 2-юми он корҳои сохтмонӣ ба масофаи 4 ҳазору 795 метр анҷом ёфтанд.
 Хатҳои конвейерӣ махсус барои кашондани сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмони сарбанди иншооти аср – НБО “Роғун” сохта барои таъмини мунтазами корҳои бунёдӣ дар биефи поёнии сарбанд мусоидат менамоянд.  
Аз тариқи хатҳои конвейерӣ дар як соат 6 ҳазор тонна сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ интиқол меёбанд ва барои чунин миқдор масолеҳи сохтмониро бо мошинҳои гаронвазн интиқол додан ду соат зарур аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки интиқоли масолеҳи сохтмонии сангу шағал тавассути хатҳои конвейерӣ бехатар ва босуръат буда, дар самти сарфаи вақт, маводи сӯзишворӣ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани техникаву механизми гаронвазни борбардор ва суръати корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО “Роғун” мусоидат менамояд.
Дастгоҳу таҷҳизоти хатҳои конвейерӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда, васлу насби он бо ҷалби мутахассисони ватанӣ идома дорад.
Барои васлу насби хатҳои конвейерӣ дар қисми поёнии сарбанди Неругоҳ бунёди чор такягоҳ дар назар аст, ки айни замон дар сетои он корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар яктои дигар корҳои омодасозии майдончаи такягоҳ бо ҷалби техникаи соҳавӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ идома доранд.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби хатҳои конвейериро кормандону мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ба сомон мерасонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо рафти корҳои васлу насби хатҳои конвейерӣ, ба мутахассисону сохтмончиён дастур доданд, ки корҳои боқимонда ҳарчи зудтар, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шаванд.

Корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО “Роғун” аз корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” дидан намуданд.
Корхона аз се хатти истеҳсолӣ иборат буда, дар як соат 3000 тонна масолеҳи андозаашон 0-300, 150-40 ва 0-40-миллиметра тавлид менамояд. 
Барои истеҳсоли сангу шағал аз анборҳои захиравӣ бо мошинҳои гаронвазн маводи алювиалии андозаашон 0-700 миллиметр, ки аз кони рақами 15 кашонда захира гардидааст, ба корхонаи истеҳсоли сангу шағал оварда мешавад. Маводи мазкур дар марҳилаи аввал аз қитъаҳои дастгоҳи сангмайдакунӣ ва хатҳои наворӣ мегузарад.  
Дар қисми дуюми хатти истеҳсолӣ масолеҳи коркардшуда аз дастгоҳҳои сангмайдакунандаи конусӣ гузашта, дар элакҳои истеҳсолӣ ба андозаҳои 20-40, 5-20 ва 0-5 миллиметр ҷудо мешаванд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона шуруъ аз моҳи марти соли 2023 инҷониб истеҳсоли маводи полоишии андозаашон 0-10, 0-40 ва 5-40-миллиметра ба роҳ монда шудааст, ки дар қисмҳои поёнӣ ва болоии ядрои сарбанди асосии Неругоҳ истифода мегарданд. Ба андешаи мутахассисон, мувофиқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бояд лойнокии шағал аз 1 ва рег аз 3 фоиз зиёд набошад.
Маводи захирашуда ба воситаи тасмаи сарбастаи ҳаракаткунандаи резинӣ аз нақби зеризаминӣ ба хатти истеҳсолии 3-юм интиқол ёфта, ҷиҳати таъмини талаботи стандартӣ бори дигар шуста мешавад.
Корҳои сохтмонии қитъаи истеҳсоли регу шағал соли 2018 аз тарафи ширкати хориҷии “Вибилд” ба роҳ монда шуда, соли 2021 ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ оғоз кардааст.
Барои истеҳсоли омехтаи бетон бошад, қитъаи истеҳсоли регу сангрезаи рақами 10 хизмат мерасонад, ки дар навбати худ, масолеҳи сохтмонии регу сангрезаи андозаашон гуногунро истеҳсол менамояд.  
Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмони сарбанди НБО “Роғун” коргарон аз тамоми техникаву механизми муосири соҳавӣ самаранок истифода бурда, барои сари вақт таъмин намудан бо масолеҳи сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ҷараёни корҳо дар иншооти обқабулкунакҳои доимӣ 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди боздид аз корхонаи сангу шағали ширкати “Вибилд”, ба майдони назоратии иншооти обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун”, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, ташриф оварданд.
Дар ин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои сохтмонию васлгарӣ ва бетонхобонию насби лангарҳо дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои № № 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз тариқи ҳамин иншоот агрегатҳои Неругоҳ бо об таъмин гардида, барқ истеҳсол мешавад. Обқабулкунакҳои доимӣ аз нигоҳи муҳандисӣ аз қисматҳои мураккаби сохтмони Неругоҳ ба шумор мераванд. Қутри обқабулкунакҳо 13,4 метр мебошад.
Мувофиқи лоиҳа, корҳои таркишӣ ва заминӣ дар ин иншоот 5,9 миллион метри мукаабро дар бар гирифта, корҳои то ба имрӯз анҷомёфта, 80-90 фоизи нақша аст.
Насби лангарҳои АЖГ аз 472 ҳазору 230 метри лоиҳавӣ ба андозаи 68 ҳазору 586 метр иҷро гардида, гузоштани лангарҳои ПНА бошад, аз 125 ҳазору 186 метри лоиҳавӣ ба миқдори 81 ҳазору 137 метр иҷро шудааст.
Иншооти обқабулкунакҳои доимӣ аз 6 шахта иборат буда, корҳои сохтмону нақбканиву бетонрезӣ ва насби лангарҳоро коргарону мутахассисони ҶСП “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак пеш мебаранд. Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1 ҳазору 552 метр идома дорад.
Корҳои нақбканӣ, бетонхобонӣ, пармакунӣ, хокпартоӣ ва насби лангарҳо дар шахтаҳои  амудии  дарвозаҳои  обқабулкунаки доимии агрегатҳои 1  ва 6-и Неругоҳ дар ду баст ҷараён дошта, то имрӯз дар ҳаҷми 64,1 ҳазор метри мукааб,  корҳои ҳаффорӣ иҷро шудаанд: аз ҷумла дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати № 1 11 ҳазору 600 метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати № 2-юм 12 ҳазор метри мукааб, дар агрегати № 3-юм 17 ҳазор метри мукааб, дар агрегати № 4-ум 16 ҳазор метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати № 5-ум 5 ҳазору 800 метри мукааб ва №6-ум 1 ҳазору 700 метри мукааб. 
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №№ 1, 2 ва №№ 5, 6 аз сатҳи 1300 метр то 1178 метр мавқеият доранд ва баландии ҳар кадом тибқи лоиҳа, 122 метрро ташкил медиҳад. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №№ 3, 4 бошад, то ба сатҳи 1160 метр мавқеият доранд. Тибқи лоиҳа, баландии ин ду шахта ба 140 метр баробар аст.
Айни замон корҳои нақбканӣ, пошидани маҳлули бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанӣ, насбу васли лангарҳо, сементатсия, бетонхобонӣ дар ин шахтаҳо мутобиқи меъёрҳои лоиҳавӣ ҷараён доранд. Дар ин қитъаи сохтмони Неругоҳ бештар аз 50 техникаи муқтадир ва мутахассисони соҳибтаҷриба истифода ва ҷалб гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулону бунёдгарони иншоот суҳбатҳои самимӣ анҷом дода, бунёди ин иншооти асрро саҳифаи нав дар таърихи миллати тоҷик номиданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки, қабл аз ҳама, ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад. Коргарону мутахассисон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки барои анҷоми муваффақонаю босифати корҳо саъю талоши худро равона менамоянд.
Баъди боздид аз ҷараёни корҳо дар шахтаҳои дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назоратии нақби  нақлиётии Т-9 ба раванди корҳои ядрои сарбанд дар сатҳи 1034 метр ва сарбанди сатҳи 1140 метр таваҷҷуҳ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баландии лоиҳавии сарбанди асосии Неругоҳ 335 метр буда, дарозии шонаи сарбанд 670 метр аст. Сатҳи болоии нигоҳдории об 1290 метр аз сатҳи баҳр, ҳаҷми хобондани маводи сарбанд 80 миллион метри мукаабро дар бар мегирад. Масоҳати обанбор 170 километри мураббаъ ва ҳаҷми он дар сатҳи 1290 метр 13,3 миллион метри мукаабро ташкил менамояд. НБО “Роғун” бо тавлиди 3600 мегаватт неруи барқ калонтарин неругоҳи барқии обӣ маҳсуб мешавад.  
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар иртибот ба ин, масъулонро муваззаф намуданд, ки барои сари вақт бунёду иҷрои корҳои созандагӣ дар ин “Кохи нур” пурмасъул бошанд ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ саҳми шоиста гузоранд.

Ҷараёни корҳо дар майдони назоратии “Сойи Оби Шӯр”
Дар идомаи боздид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии “Сойи Оби Шӯр”-и НБО “Роғун” ташриф оварда, бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар қисмати ҳавоии хатти конвейерӣ шинос шуданд.
Ин қисмати хатти конвейерӣ дар ҳолати баланд бардоштани сатҳи об барои интиқолу захира намудани маводи шағал аз қисматҳои болоӣ ба поёнии сарбанд хизмат хоҳад кард. Қисмати ҳавоии иншооти мазкур аз болои Сойи Оби Шӯр гузашта, дарозии хатти конвейерӣ дар ин қитъа 640 метрро ташкил медиҳад. Дар соҳили чап ва рости хатти мазкур бетонхобонии таҳкурсиҳои он анҷом ёфта, боқимондаи корҳо бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба идома ёфта истодаанд.
Феълан, як қисмати таҷҳизоти хатти конвейерӣ дар таҳкурсии бунёдёфта насб гардида, мутахассисон барои пайваст намудани боқимондаи қисматҳои иншоот машғули коранд.
Таҷҳизоти хатти конвейерӣ аз ширкати итолиёвӣ дастрас гардидаву насб карда мешавад ва ин иншоот корро дар самти интиқоли маводи шағал аз як қисмати сарбанд ба қисмати дигари он осону камхарҷ хоҳад кард. Паҳноии тасмаи хатти конвейерӣ 1400 мм ва иқтидори он дар як соат кашондани 3 ҳазор тонна мебошад.
Корҳои сохтмонии қисмати ҳавоии хатти конвейерӣ аз ҷониби ширкати “Вибилд” иҷро гардида, барои сари вақт бунёд намудани хатти мазкур шароити зарурии корӣ фароҳам аст. Сохтмончиён кӯшиш доранд, иншооти  мазкурро дар муҳлати муқарраргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз майдончаи сохтмонии №5 дидан намуданд. Дар ин қитъа  лӯлаҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ омода мешаванд. Айни ҳол дар ин қитъа корҳои кафшергариву омодасозии лӯлаҳо бо қутри 7 метр, ки ҳар кадоми он то 48 тонна вазн дорад, идома дошта, онҳо барои истифода дар обқабулкунаки агрегати №4 пешбинӣ шудаанд.
Лӯлаҳои мазкур дар шакли нимдавра дар заводи гидромеханикии шаҳри Норак бо истифода аз масолеҳи баландсифат омода гардида, ба Неругоҳ ворид мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки, пеш аз ҳама, масъулон бояд ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар майдончаи мазкур, ҳамчунин, заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ба ҷамъоварӣ ва васли лӯлаҳои шахтаи обрасонӣ – турбинаи агрегати рақами 3 шуруъ намуд. Тибқи лоиҳа, дар ин қисмати Неругоҳ то сатҳи 1125 метр 2284 тонна оҳанфилизот истифода хоҳад шуд, ки ин миқдор масолеҳ дар майдончаи сохтмонӣ барои васл кардан дастрас гардидааст ва бо назардошти талабот, лӯлаҳои мазкурро сохтмончиён дар муҳлати муқарраргардида омода хоҳанд кард. Бояд таъкид намуд, ки дар ин майдончаи сохтмонӣ ду корхонаи ватанӣ: ширкати "Тоҷикгидромонтаж" ва заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ба васлу омодакунии лӯлаҳои шахтаҳои обрасонӣ-турбинаҳо ва шахтаи обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо машғуланд.

Рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии 
обқабулкунаки доимӣ
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО “Роғун” бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ шинос шуданд.
Камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Иншоот бо дарозии 156,35, паҳноии 18,4 ва баландии 21,2 метр барои корҳои нақбканӣ, васлу насби оҳанфиулизот ва мустаҳкамкунии шахтаҳои обрасони агрегатҳои №№ 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ мутахассисони маҳаллӣ бо азму иродаи устувор ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ иҷрои корҳои нақбканиро дар ҳаҷми 55 225 метри мукааб ба анҷом расонданд.
Ҳаҷми корҳои бетонхобонӣ дар иншооти мазкур ба 9 233 метри мукааб баробар мебошад ва то имрӯз дар ҳаҷми 2 898 метри мукааб иҷро гардид.
Корҳо дар шахтаҳои обрасони агрегатҳои Неругоҳ дар сатҳи баланд идома доранд. Ҳаракати беисти техникаву механизм ва заҳмати пайваставу содиқонаи коргарони муҳандисию техникӣ аз матонату диловарии ҳар як сохтмончӣ дарак медиҳад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастрасӣ ба техникаву механизми зарурии соҳавӣ, таъмини ҳамешагии масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва мавҷуд будани шароити хуби корӣ барои сохтмончиён имкон фароҳам меорад, ки корҳои бунёдӣ дар иншооти стратегии мамлакат – Неругоҳи барқи обии “Роғун” сари вақт иҷро шаванд.
Бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин қисми оҳанфилизоти зонуи поёнии лӯлаи обрасон дар шахтаи турбинаи агрегати №4, ки 5,4 метр баландӣ дорад, гузошта шуд. Сипас, ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар шахтаи лӯлаҳои обрасони трубинаи агрегатҳои №№ 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 муаррифӣ гардид.
Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегатҳои № 1 ва № 2 206 метр, № 3 ва № 4 186, № 5 ва № 6 152 метрро ташкил медиҳад. Қутри ҳар як шахта ба 8,7 метр баробар аст. Нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар шахтаҳои агрегатҳои №№ 3,4,5 ва 6 ба анҷом расида, корҳои сементатсионӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Чунин корҳо дар шахтаи агрегати № 1 ба андозаи 102,6 метр ва дар шахтаи агрегати № 2-юм 108 метр анҷом дода шудааст. Ҳаҷми корҳои анҷомёфта дар шахтаи агрегатҳои № 1 ва №2-юм 12 636 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмону васлгариро дар иншоот коргарону мутахассисони ҶСП “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак бо истифода аз техникаву механизми муосир дар сатҳи баланд ба иҷро мерасонанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти коргарону мутахассисонро дар ин қитъаи  сохтмони НБО “Роғун” назаррас арзёбӣ карда, аз масъулон вусъат бахшидани корҳои созандагиро бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ тақозо намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”
Дар идомаи боздид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и НБО “Роғун” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд ошно шуданд.
 Ҳоло барои бунёди қисмҳои болоӣ ва поёнии сарбанд мошину механизмҳои муосиру замонавӣ, аз қабили техника ва мошинҳои калонҳаҷми борбардор барои кашонидани сангу шағал, дастгоҳҳои муқтадир барои тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо ҷалб гардида, корҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида ҷараён доранд. Аз ҷумла, то ба имрӯз хобондани маводи сангу шағал дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр иҷро гардида, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб мавод хобонда шудааст.
Ҳамин гуна, кор дар қисми поёнии сарбанд  бомаром идома дошта, хобондани сангу шағал дар сатҳи 1083 метр ҷараён дорад. Дар қисми поёнии сарбанд ба андозаи 6 миллион метри мукааб мавод аз анборҳои захиравӣ кашондаву хобонда шудааст. Умуман, дар қисматҳои болоӣ ва поёнии сарбанд ҳудуди 19 миллион метри мукааб  мавод хобонда ва мустаҳкам карда шудааст.
 Тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо дар қисмати ядрои сарбанд аз сатҳи 1300 метр то 990 метр қисман ва аз сатҳи 990 метр то сатҳи 960 метр пурра иҷро гардидааст. То ба имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои хокбардорӣ ба анҷом расиданд. Ҷиҳати  бунёди саривақтии иншооти мазкур кори  шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бояд зикр кард, ки ҳар қабати маводи хобондашуда аз ташхиси лабораторӣ   мегузарад ва барои бунёди ин қитъа сангу шағал ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар доираи тарҳи тасдиқгардида истифода   мешавад.  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулон барои иҷрои саривақтиву босифати корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, мутахассисонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати ҳар қабати биефи поёнии сарбандро ҷиддиву ҳамаҷониба ба роҳ монанд, то иншооти мазкур дар доираи меъёру талаботи байналмилалии соҳавӣ бунёд шавад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Герҳард Сейрлинг
9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герҳард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Войт Ҳайдро” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии НБО “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ матраҳ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар Лоти 1-и Неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида карданд, андеша ронда, таъкид доштанд, ки бояд тамоми корҳо тибқи реҷаи мувофиқагардида сари вақт ва босифат ба иҷро расанд.
Ҳангоми мулоқот роҳбарияти ширкати “Войт Ҳайдро” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо маълумот доданд. Изҳори бовар шуд, ки намояндагони ширкат барои татбиқи нақшаҳо тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд.
Дар мулоқот, инчунин, Сарвазири мамлакат, вазири молия, директори генералии НБО «Роғун», директори мудирияти истифодабарии НБО «Роғун» ва директори ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иштирок намуданд.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Роғун
10 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО “Роғун” бо роҳбарону мутахассисони он ва фаъолони шаҳр мулоқот намуда, сухан ронданд.
Дар ҳамин ҷо, пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, Сафарзода Хайрулло, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»», Хуҷамурод  Азимов, директори Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак, Иқбол Сафаров, директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва Арабзода Нуралӣ, директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, назорати сифати сохтмон, сохтмони сарбанд, ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои вобаста ба Неругоҳ ҳисобот доданд.

Санаи нашр: 11.08.2023 №: 162
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив