ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

18 август 2023, Ҷумъа
50
0
 
ИСТИҚБОЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Нимаи дуюми рӯзи 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
Сокинони сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Хоруғ Сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд. Барои пазироии шоистаи меҳмони олимақом аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод намуданд.   
Мавриди зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ САНГҲОИ СОХТМОНӢ 
ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ВМКБ
17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд.
Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ ба истеҳсоли сангҳои сохтмонию ороишӣ машғул аст ва имкон дорад дар як рӯз то 80 метри мураббаъ ва дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишию дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол ва пешниҳоди харидорон намояд. Дар корхона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардидаанд. Дар ҳоле ки, корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат авҷ мегиранд, талабот ба ин номгӯи маҳсулот дар ҳудуди вилоят ва ҳам дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд аст. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон манбаи асосии таъмини ашёи хоми корхонаи мазкур буда, мавриди истифода қарор додани он ба рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муосидат менамояд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” коркарди 8 намуди санги гранит, 2  намуди санги сланес, 2 навъи офикалсит ва 3  намуди санги мармар ба роҳ монда шудааст. 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эдӣ Фироғатов бунёд гардида, дар он 70 нафар сокини маҳаллӣ, ки нозукии кор бо дастгоҳҳои корхонаро омӯхтааст, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид. Корхона дар ҳудуди Минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд шудааст. Ифтитоҳи корхона идомаи татбиқи “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” буда, дар марҳилаи нави рушди шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намудани он ба баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, ба хотири рушд додани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар Минтақаи саноатии “Тем”-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби дигар соҳибкорону сармоягузорон бунёди боз 4 корхона ба нақша гирифта шудааст. Маҳсулоти корхона дар дохили хонаҳо, зебу оро додани роҳраву кӯча ва девори биноҳо истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин, корхонаи навтаъсис барои пештоқи тирезаҳо ва болои миз низ, аз сангҳои табиӣ бо намои зебо маҳсулот омода менамояд.
Бояд зикр кард, ки то ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур, ин намуди маҳсулот асосан аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Акнун масъулони корхона ният доранд, ки на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол намоянд, балки дар оянда содироти онро ба хориҷа низ, ба роҳ монанд. 
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузории чунин соҳибкорони ватандӯсту ободкори маҳаллиро дар рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонда, барои равнақ додани фаъолияти корӣ дар оянда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 75,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ҳудуди вилоят феълан 88 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, корҳо дар самти таъсиси корхонаҳои саноати нассоҷӣ, металлургияи рангаву сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва мошинсозӣ идома доранд.
Ба Сарвари давлат тазаккур доданд, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят сохтмону ба истифодадиҳии 92 корхонаи дигари саноатӣ бо 1440 ҷойи нави корӣ дар назар аст, ки ин нақша низ, давра ба давра бо дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ мегардад. Аллакай, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят шаш корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуда, ин нишондод то анҷоми соли ҷорӣ ба 29 адад расонда мешавад. Айни замон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ташкили корхонаҳо бо технологияи муосир, таъсиси паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои кории нав ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзишҳои баланди иловашуда, дар ҳудуди вилоят чораандешиҳо идома доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ, мавриди коркарди пурра қарор додани ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулон дастуру супоришҳои махсус доданд. 
 
БАҲРАБАРДОРӢ АЗ БЕМОРХОНА–ДАРМОНГОҲИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ 
КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона–дармонгоҳи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои хизматрасонии он шинос гардиданд.
Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуд. Беморхона аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулу ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин, барои беморон ошхона бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дигар иншооти ёрирасон низ, бо сатҳу сифати баланд сохтаву таъмир гардидаанд. Беморхона дар баробари расондани ёрии тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ ҳам хизмат хоҳад кард. Сокинони кӯчаҳои гирду атроф низ, метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд. Ҳуҷраҳои корӣ ва муолиҷавии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз қабили дастгоҳҳои рақамии ташхис, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, кардиомонитор, оксигенератор ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошад. Барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба беморон, 27 нафар мутахассиси соҳибмалака ба кор ҷалб шудааст. 
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд. Беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, намои берунаи он ба таври махсус рангу оро ёфтааст. Тадбирҳои сабзкорӣ низ, дар гирду атрофи иншооти мазкур бо завқу салиқаи баланд анҷом пазируфтанд.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифатро ба роҳ монда, имкониятҳои фароҳамоварашударо барои таъмини солимии ҷомеа самаранок истифода баранд. 
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ПОЙАФЗОЛ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 
ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ ОН
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал” оғоз бахшиданд.
Корхонаи пойафзол аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев бахшида ба бузургдошти 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол мекунад. Корҳои бунёдӣ ва васлу насби техникаю таҷҳизоти кории иншооти мазкур соли 2022 шуруъ гардида, он дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати 576 метри мураббаъ доман густурдааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амал” мебошад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолро дар минтақаҳои дурдасти кишвар заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки корхонаи “Сандал” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона буда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар харидорони худро дорад. Ҳоло маҳсулоти тайёри корхона ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон содирот гардида, ивазкунандаи воридот мебошанд.
Қобил ба зикр аст, ки тамоми таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд. Технологияи коргоҳ аз нигоҳи хароҷот каммасраф аст ва кори 2-3-соатаи дастиро дар 40 сония анҷом медиҳад. 50 фоизи кор автоматӣ иҷро мегардад.  Барои иҷрои корҳои дастӣ дар марҳилаи аввал 20 нафар ба кор ҷалб шудааст ва дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани он, то 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегардад. Кормандон аз ҳисоби сокинони бешуғли шаҳри Хоруғ ҷалб шуда, пеш аз ба фаъолият шуруъ намудан, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ҳунар меомӯзанд. Бо инобати содаю осон будани раванди кор ва мувофиқ будан ба шуғли занон, аксари кормандони сехи мазкурро бонувон ташкил менамоянд, ки ҳар кадом таҷрибаи хуби чеварӣ дорад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки барои истеҳсоли босифати пойафзоли “ЯК” ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад ва бо зиёд гардидани талабот, имкони афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст. “Сандал” дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайну махсусиятҳои хосса ба фаъолият пардохтааст.
Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ташхис гузаронда шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво дар фасли сармо, тамоми ҳуҷраҳои корию истеҳсолӣ бо печҳои ангиштӣ таъминанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ, аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки минбаъд низ, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд. Дар навбати худ кормандони “Сандал” ба Сарвари давлат ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имкониятҳои арзандаи кор ва таваҷҷуҳи хоссаашон ба мардуми кӯҳистон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ, дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти беҳтарсозии некуаҳволии мардум талош меварзанд ва барои ободии сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. 
 
НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти он дидан намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 500 метри мураббаъ бо назардошти талаботи замони муосир бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, васлу насби техникаи корӣ ва муҷаҳҳазсозии бино соли 2022 анҷом ёфт. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мебел буда, тибқи фармоиш маҳсулот мебарорад. Бо бунёди коргоҳи нав 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид ва маоши миёнаи онҳо вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро дар бар мегирад.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки талабот ба чунин коргоҳҳо дар шароити кӯҳистон хеле зиёд буда, маҳсулоти онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон харидорони худро дорад. Иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебели хушсифат буда, дар оянда бо роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсолот меафзояд. Таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз лиҳози сарфаи неруи барқ каммасраф ва бехатаранд. 
Ба иттилои масъулон, барои истеҳсоли мебел ашёи хом аз Туркия ва Федератсияи Россия ворид мегардад. Тарҳ ва дизайни мебел мувофиқ ба талаботи замон таҳия гардида, ба сифати кор низ, таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Яке аз бартариятҳои маҳсулоти корхонаи мазкур, агар сифати хуб бошад, аз тарафи дигар, мувофиқи табъ ва фармоиши корфармо омода кардани мебел, кафолати рушди минбаъдаи корхона дониста мешавад.
Корхона беш аз 20 навъи мебел, аз ҷумла мебелҳо барои хона, ҳуҷраҳои корӣ, мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, рахти хоб барои марказҳои саломатӣ омода менамояд, ки нархҳои дастрас доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин коргоҳ ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолият шуруъ намудани онро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қадами муҳим дар самти рушди саноат дар ин минтақаи дурдаст номиданд. Бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, пеш аз ҳама, барои таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ замина гузошта, ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидати фаъол менамояд.
Зимни суҳбати самимӣ коргарон аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар самти пешрафти кишвар изҳори сипос намуда, уҳдадор шуданд, ки дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро мегузоранд. 
 
МТМУ РАҚАМИ 8, МУАРРИФИИ ЛОИҲАҲОИ БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ НАВИ 
ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Хоруғи Боло бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
Ин иншоот туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони шаҳри Хоруғ дар арафаи соли нави хониш мебошад. Тибқи лоиҳа, муассисаи таълимӣ аз се бино иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои якуми мактаб 21 августи соли 2020 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд. Акнун дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлавтӣ бинои дуюми он чун армуғони идона ба сокинони шаҳри Хоруғ эҳдо гардид. Бинои сеюми Муассисаи таълимӣ дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таълимӣ пурра бо аёниятҳои дарсӣ ва технологияи муосири дарсӣ таъмин карда шудааст. Дар бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 12 синфхона ва 9 ҳуҷраи методӣ-фаннӣ, инчунин, ду толори омӯзиши мусиқӣ, як толори омӯзиши рассомию кандакорӣ ва як синфи фанни информатика, ҳуҷраҳои бойгонӣ ва ҳамшираи шафқат ҷой шудаанд. Дар маҷмуъ, ду бинои муосир дорои 32 синфхона ва 13 ҳуҷраи гуногун барои омӯзиши ҳунарҳо ва компютер  мебошанд. Дар ин Муассисаи таълимӣ 55 компютер мавҷуд мебошад, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи хонандагон басанда аст. Дар Муассисаи муосири таълимӣ 29 омӯзгор ба таълиму тарбияи 345 хонанда машғул мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бинои куҳнаи мактаб дар шаҳри Хоруғ соли 1958 бунёд шудааст. Бо гузашти солҳо иншоот фарсудаву таъмирталаб гардида, шароиту имкониятҳои донишомӯзӣ ба талаботи замони муосир  ҷавобгӯ  набуд.  Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои миллат дар заминаи мактаби пешина бунёди Муассисаи таълимии нав ба нақша гирифта шуд. Дар давоми чор соли охир дар ҷойи бинои куҳна барои омӯзгорону хонадагон беҳтарин ва муосиртарин шароити кор ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шуд. Дар фасли зимистон биноҳо бо гармӣ таъмин мешаванд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои  сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шариф Ш.С.” ба анҷом расонданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Намои берунии Муассисаи таълимӣ бисёр зебо мебошад. Он бо тарҳи меъмории тоҷикона ва аврупоӣ сохта шуда, дар ороиши намои берунии он сангҳои маҳаллӣ истифода гардидаанд.
Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми муваффақонаи кор дар муҳлати муайяншуда изҳори сипос намуданд.  Зимни шиносоӣ бо шароити Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 Пешвои муаззами миллат хонандагонро ба истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамовардашуда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят карданд. Ҳайати омӯзгорону шогирдон барои фароҳам овардани чунин шароити созгори таълимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Мавриди зикр аст, ки хонандагони Муассиса аз фанҳои дақиқ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Талабагону омӯзгорон ҳамаи комёбиҳои худро аз ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат медонанд. Баъди ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бунёди ду муассисаи таълимии дигар ва беморхонаи марказии шаҳр шинос гардиданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 240 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин муассиса дар заминаи бинои мактаби куҳна, ки соли 1938 ба тариқи ҳашар сохта шуда буд, бунёд мегардад. Мактаби имрӯза, воқеъ дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ аз 8 синфхона ва ду ҳуҷраи иловагӣ иборат мебошад. Бунёди Муассисаи нави таълимӣ имкон фароҳам меорад, ки кӯдакону наврасони маҳаллаи Баракат ва деҳоти ба шаҳри Хоруғ наздики ноҳияи Шуғнон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 бошад, барои 430 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин Муассисаи таълимӣ низ, дар заминаи мактаби куҳнаи маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ, ки соли 1928 ба тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, сохта мешавад. 
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд. Тибқи лоиҳа, беморхона аз 6 ошёна иборат буда, он бо назардошти  талаботи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар баробари сохтмони бинои асосӣ, ҳамчунин, бунёди иншооти ёрирасон, аз ҷумла дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ дар назар аст. Беморхонаи мазкур барои 200 кат пешбинӣ гардида, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Сарвари давлат ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин, ба ташкилоту идораҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки иншоот дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта, мавриди истифодаи мардум қарор дода шавад.
 
БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ 12-ОШЁНА ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ҚОМАТ АФРОХТ
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
Ба хотири истиқбол аз Пешвои созандаву бунёдкори миллат шумораи зиёди сокинони шукргузори вилоят меҳмони воломақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ бо манзили хизматӣ дар маркази вилоят бунёд гардид. Ёдовар мешавем, ки хишти нахустин барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ соли 2016-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва аз 66 манзили дуҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат мебошад. Дар манзилҳои истиқоматӣ мутобиқ ба талаботи замон барои зисту зиндагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохили хуҷраҳои истиқоматӣ дидан намуда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд бунёд кардани хонаҳо баҳои баланд доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарони толеъбаландро, ки имрӯз соҳиби хонаҳои барҳаво гаштанд, барои хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Бояд гуфт, ки хонаҳои истиқоматӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин гардида, туҳфаи беназири Пешвои миллат барои кормандони низомӣ ба ҳисоб меравад. Хизматчиёни ҳарбӣ – соҳибони манзилҳои истиқоматӣ, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории пайваста изҳори сипос намуданд.
Дар заминаи иқдомҳои хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар баробари оилаҳои хизматчиёни ҳарби, ҳамчунин, 12 оилаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи зарардида калиди хонаи нави истиқомтиро тақдим намуданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст дар ҳолатҳои фавқулода ва табииву техногенӣ аҳолии кишварро таҳти ҳимоя ва ғамхории ҳамаҷонибаи худ қарор диҳад. Ҳар як оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ аз ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакат дар он рӯзҳои сахт ёдовар шуда, барои дастгириҳову пуштибониҳо миннатдории самимии хешро баён намуданд.
Паймонкори асосии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошад, ки дар муҳлати муайяншуда, сохтмони бинои истиқоматиро ҷавобгӯ ба талаботи шаҳрсозию меъморӣ ба анҷом расонд. Дар раванди корҳои сохтмонӣ 4 ширкати маҳаллӣ, аз қабили  ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “М-сервис”, “Амир Амза”, “Ҷовид” ва “Ватан” саҳми арзанда гузоштанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид. Дар баробари хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин, дар ошёнаи якуми бино коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Босифат-2018” ва маркази хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи якум маркази савдои муосир ташкил гардид, ки барои таъмини истиқоматкунандагон бо маводи ниёзи аввал ва дигар молҳои рӯзгор ташкил гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳудуди бинои истиқоматӣ ва пиёдароҳҳо бо истифода аз сангҳои ороишии корхонаи навбунёди “Суман”-и шаҳри Хоруғ зинат дода шуда, ба хотири сайру саёҳати шомгоҳии сокинон 10 сутуни равшанидиҳанда шинонда шудааст.
 
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОНСТРУКСИЯҲОИ 
МЕТАЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ, ки аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помир-энергосервис” Абдулатиф Амонуллоев бунёд гардид, дар сохтмони хатҳои интиқоли баландшиддати неруи барқ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти назаррас дорад. Дар корхона 30 нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва маоши аз 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ таъмин шуд. Дар корхона мутахассисони кафшергар ва муҳандисони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд, ки дилхоҳ фармоиши мизоҷонро метавонанд дар фурсати кӯтоҳтарин ва бо сифати баланд омода созанд. Дар корхонаи “Помир-энергосервис” 65 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кор таъмин мебошад. Корхона дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхона чор таҷҳизоти калонҳаҷми худкор ва шаш дастгоҳи хурди истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд. Дар корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ истеҳсоли куттиҳои барқӣ, дарвозаҳои оҳанин, асбобҳои рӯзгор, сутунпояҳои чароғҳои равшанидиҳанда, таҷҳизот барои сутунпояҳои хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва садҳо номгӯйи таҷҳизоти зарурӣ, ки аз тахтаҳои оҳанин фармоиш дода мешаванд, истеҳсол мегарданд.
Корхона дар шафати роҳи автомобилгарди сатҳи байналмилалии Хоруғ - Мурғоб - Кулма қомат афрохтааст, ки яке аз иншооти саноатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кард, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он дар бозори ҷаҳонӣ заминаи мусоид мегузорад. Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат бунёди 92 корхона дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли равон 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад. Танҳо дар шаҳри Хоруғ дар соли 2022-юм 11 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. 
Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи Ҳукумати мамлакат сохтмону барқарорсозии 22 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 10 корхонаи нави саноатӣ дар маркази вилоят бунёд гаштааст.
 
МУЛОҚОТ БО ЯТИМОН ВА ТАҚДИМИ ТУҲФА БА ОНҲО 
17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду навсозии иншооти соҳа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу омӯзиши ин қишри ояндасози ҷомеа имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз ҳамин шароит наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Дар мулоқоти имрӯза ба ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидон маҳрум мондаанд, маҷмуи сарулибос, ёрии молиявӣ ва шириниҳо тақдим шуданд. Чунин муносибати неки Сарвари давлат нисбат ба кӯдакони ятим хушҳолию фараҳмандии онҳоро афзун менамояд.
Ятимону кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд бо шодиву нишот аз дасти Роҳбари инсондӯсту раиятпарвар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд. Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба ин матлаб кӯдакону наврасон худро ҳаргиз бесаробон эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, андӯхтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.  Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону ниёзмандон, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.  Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати шоиста намоянд.
 
Санаи нашр: 18.08.2023 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив