ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

28 август 2023, Душанбе
48
0
 
25-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона ворид шуданд. Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳар ду давлат ороста шуда буд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
25-уми август дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.
Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарварони давлатҳо: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар сиғаи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент изҳори сипос намуданд. Изҳори итминон шуд, ки ин чорабиниҳо, ки дар 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат мегиранд, боз як далели рушди бемайлони муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила густариш меёбанд. Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин, гардиши мол миёни ду кишвар, ки танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллари ИМА расидааст, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Сарвари давлати мо зикр карданд, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад. Изҳори итминон шуд, ки ҷонибҳо қодиранд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд. Баробари соҳаи тиҷорат, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмааи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш, фаъолона идома доранд. Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд. Дар идомаи суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар зимн, атрофи мавзуи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба мавзуъҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
 
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 
дар Ҷумҳурии Қазоқистон
25-уми август дар толори Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ, сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Дар он маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони олимақом шуд. Сарварони давлатҳо ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои баланд доданд. Чорабинии фарҳангиро ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо сухани муқаддимавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Роҳбари Маъмурияти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ карда, аз номи ходимони фарҳанг, санъат ва аҳли адаб сарварони давлатҳоро хайрамақдам гуфтанд. Ба роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дастгирии ҳамаҷониба дар ташкил ва баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ изҳори миннатдории амиқ шуд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Қазоқистон – Остона, Алмаато ва Шимкент – ин аввалин иқдоми густурдаи фарҳангию башардӯстона дар ин сатҳ дар солҳои истиқлоли давлатии кишварҳо мебошад, ки бо ташаббусу дастгирии роҳбарони ду мамлакати ба ҳам дӯст баргузор мегардад.  Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи давлатҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.
Мавриди зикри хос аст, ки зимни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қазоқистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, аз 24 то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор мешаванд. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду кишвар доир шуданд.
Изҳори итминон шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику қазоқ мусоидат мекунанд. Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи бошукӯҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халқҳои ду кишвар буд. Барномаи консертии устодони санъати тоҷик аз ҷониби меҳмонон ва шаҳрвандони Қазоқистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.
 
Боздид аз Масҷиди марказии шаҳри Остона
26-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.  
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди масҷиди марказӣ 18 марти соли 2019 оғоз ёфта, 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт. Масҷиди марказии Остона дар майдони 10 гектар доман густурда, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст. Дарҳои даромадро аз чӯби мустаҳкам сохта, бо нақшу нигори қазоқӣ оро додаанд. Масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин, дорои синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мебошад. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу карданд.
 
Намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ 
ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон
26-уми август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карданд.
Мавриди зикри хос аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев сурат мегиранд. Бояд гуфт, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар – Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад. Барои доир кардани Намоишгоҳ наздики 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш ба шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент интиқол дода шудаанд.
Дар Намоишгоҳ-ярмаркаи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкенти Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полизиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноати хӯрокворӣ, ба монанди нӯшокиҳои ташнагишикан, машрубот, консервҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра пешниҳоди шаҳрвандони Қазоқистон мешавад. Инчунин, ҳунарҳои мардумӣ аз ҳамаи минтақаҳои кишвар дар Намоишгоҳ-ярмарка пешкаш мегардад. Ҷиҳати муаррифии расму оини миллати тоҷик, нигораҳои миллӣ, катҳои бо нақшунигори миллӣ кандакоришуда, либосҳои миллии занона ва мардона муаррифӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар се шаҳри калони Қазоқистон гӯшаҳои таомҳои миллӣ ташкил шудааст, ки дар онҳо аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун ва нонҳои ҳархела омода ва пешкаши сокинону меҳмонони чорабинӣ мешавад.
Илова бар ин, дар доираи Намоишгоҳ-ярмарка фурӯши молу маҳсулот, барои фароғати меҳмонон ва ҷиҳати муаррифии фарҳанги кишвар барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст. Майдони Намоишгоҳ-ярмарка дар шаҳри Остона 7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат 40 хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардид.
Дар шаҳри Алмаато дар масоҳати 1 гектар намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил ёфт. Дар ҳудуди майдони намоишгоҳ 10 хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ сохта шуд. Масоҳати замини намоишгоҳи Тоҷикистон дар шаҳри Шимкент бошад, 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 16 хайма сохтаанд.
Баргузории чорабиниҳо, агар аз як ҷониб, шиносоии фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷик ва муаррифии дастовардҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф, омили муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии роҳбарони ду давлат амалӣ мешавад.
 
Боздид аз Маркази ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон
26-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Маркази ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Марказ ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ,  саноати  электронӣ,  инчунин, ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст. Зимни муаррифии самтҳои фаъолият ва имкониятҳои Марказ, аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон, шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кӯтоҳ мекунад. Маҳз барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Марказ барори кор орзу карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.
Дар фарҷом миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
 
Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дошт, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоти сатҳи олии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев доир гардида, сарварони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷик иштирок карданд.
Баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Остона меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо камоли эҳтиром ва самимияти хос Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гусел карданд.
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив