ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ТАШРИФИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ТАШРИФИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

04 сентябр 2023, Душанбе
50
0
 
1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳия меҳмони олиқадр, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, фаъолон ва аҳли фарҳангу ҷавонон бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.
Ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.
Бинои муҳташам ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС Иншоот” буда, лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ - лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардидааст. Донишгоҳ аз таҳхона ва 4 бинои ба ҳам пайваст иборат буда, қисми марказӣ аз 9 ошёна, ду бинои паҳлуӣ аз 7 ва қисми сеюм аз 3 ошёна иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир намуда, ба истифода супурдани бинои хуштарҳи муосирро ба онҳо таҳният гуфтанд. 
Таъкид шуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар қисми маъмурӣ раёсати Донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо  толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 6-уми бино кафедраҳои умумитаълимии Донишгоҳ, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ, ҷомеашиносӣ, химия, биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, фармакология, микробиология, беҳдошт ва вогиршиносӣ, мавҷуд мебошад. Бинои асосии Донишгоҳ дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии он 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 ҳазору 787 метри мураббаъ  масоҳати муфиди таълимӣ аст.  Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ бошад, 12 ададро ташкил медиҳад. Толори бошукӯҳи маҷлисӣ ва фарҳангии Донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур  1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад. Минбаъд тамоми чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатии Донишгоҳ дар ин толори муҳташам баргузор карда мешаванд.
Ҳоло дар Донишгоҳ 4 марказ - Маркази таҳсилоти баъд аз дипломӣ, Маркази омӯзиши симулятсионӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва Маркази ягонаи тестӣ амал менамояд. Маркази омӯзиши симулятсионӣ, ки дар ошёнаи дуюми бинои асосӣ ҷойгир аст, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва  мунтазам ғанӣ гардондани фонди китобхона ба шумор меравад. Толори хониши китобхонаи Донишгоҳ 160 ҷои нишаст дошта, аз адабиёти гуногуни илмиву дарсии ин ганҷинаи бебаҳо донишҷӯён босамар истифода мебаранд.
Дар фонди китобхона 33 ҳазору 269 нусха китоб мавҷуд аст, ки 29 ҳазору 940 нусхаи он адабиёти таълимӣ мебошад. Дар он, инчунин, адабиёти электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки шумораи он аз 75 ҳазору 474 маводи таълимию методӣ ва илмӣ иборат мебошад.
Дар китобхонаи электронӣ, ки 150 ҷои нишаст дорад, адабиёти гуногун, аз ҷумла асарҳои олимони тоҷик дар соҳаи илми тиб ва адабиёти соҳавии хориҷӣ ба таври электронӣ ба донишҷӯён пешкаш мешавад. Дар умум, бо назардошти шумораи имрӯзаи донишҷӯёни Донишгоҳ, таъмини онҳо бо китоб ва маводи таълимӣ вобаста ба забони таҳсил, тоҷикӣ ва русӣ ба меъёр мувофиқ аст. Бинои таълимии № 1, ки аз таҳхона ва шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар сохта шудааст. Масоҳати умумии бинои нави таълимӣ 3 ҳазору 814 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки масоҳати муфиди он 2 ҳазору 451 метри мураббаъ мебошад. Дар бинои таълимӣ 16 синфхона, 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо 318 ҷои нишаст ва як толори барҳавои лексионӣ бо 100 ҷои нишаст барои таълими донишҷӯён мавҷуд аст. Дар бино кафедраҳои тиббӣ-назариявӣ, ки, асосан, донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3 таълим мегиранд, ҷойгир шудааст. Аз ҷумла, кафедраҳои заминавӣ ба монанди анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ. Дар шафати бинои асосӣ ва таълимӣ дар масоҳати 1083 метри мураббаъ ошхонаи барҳаво бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки дар як вақт метавонад ба 300 нафар хизмат расонад. Ошхона бо таҷҳизоти нонпазӣ, омода кардани хӯрок ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Илова бар ин, дар таҳхонаи бино низ дар масоҳати 600 метри мураббаъ барои 200 ҷои нишаст ошхона сохта шудааст. Ҳамин тариқ, дар бинои асосӣ ва бинои таълимии навбунёд ҳамагӣ  96 синфхонаи барҳаво бо 2 ҳазору 388 ҷои нишаст, 1 толори фарҳангӣ ва 13  толори маҷлисию лексионӣ бо 2 ҳазору 290 ҷойи нишаст, ки дар умум 4 ҳазору 678 ҷои нишастро ташкил медиҳад, барои таълиму тарбияи донишҷӯён шароити арзандаро фароҳам овард. Инчунин, дар ин биноҳо 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.
Бо назардошти имконияти шумораи синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва толорҳои лексионӣ, дар Донишгоҳ имкон аст, ки 5 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуд.
Дар ин замина, 31-уми августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара оғоз бахшиданд.
Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва клиникаи донишгоҳӣ бунёд мегардад.
Бо бунёди биноҳо ва таъсиси маҷмаа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки дар масоҳати беш аз 22 гектар ҷойгир мешавад, барои таҳсили зиёда аз 5000 донишҷӯ шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам оварда мешавад.
Таъсиси Донишгоҳи мазкур аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Имсол аз ташкилшавии Донишгоҳ 7 сол пур мешавад ва ҳоло ин боргоҳи илму хирад дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.
Тули солҳои 2016-2023 заминаи моддӣ-техникии Донишгоҳ  марҳила ба марҳила таҳким ёфтааст. Айни замон дар он омӯзгорону донишҷӯён аз компютерҳои фардӣ, ноутбук, принтер ва сканер, проекторҳои мултимедӣ, тахтаҳои электронӣ, дастгоҳу таҷҳизот ва аёниятҳои замонавии таълимию таҷрибавӣ дар раванди таълим васеъ истифода мебаранд.
Бо мақсади таъмини донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷои истиқомат, дар шафати биноҳои таълимии Донишгоҳ хобгоҳи замонавии донишҷӯён сохта шудааст. Бинои хобгоҳ аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра бо фарогирии 800 ҷои хоб иборат мебошад, ки барои истиқомат, омода кардани дарс ва фароғати донишҷӯён шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Имконияти муосири илму касбомӯзӣ дар Донишгоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири аз бар намудани донишҳои замони имрӯза, омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва пешрафти илми тибби тоҷик фароҳам оварда шудааст.
Мувофиқи нақшаи генералӣ бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 2 марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи якум бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои асосӣ, бинои таълимии №1 ва бинои ошхона имрӯз пурра татбиқ гардид.
Дар марҳилаи дуюм бошад, сохтани биноҳои таълимии №2 ва 3,  манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳи донишҷӯён, озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ, бинои виварий, майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ, толори лексионӣ ва бинои клиникаи донишгоҳӣ дар назар аст.
Яке аз хусусиятҳои муҳим дар муассисаи олии тиббӣ он аст, ки дар биноҳои таълимӣ танҳо донишҷӯёни курсҳои аз 1 то 3 таълим мегиранд, донишҷӯёни курсҳои аз 4 то 6 бошанд, дар кафедраҳои клиникӣ, ки дар ҳудуди беморхонаҳои клиникӣ ҷойгиранд, фанҳои тахассусӣ - касбиро аз худ мекунанд.
Дар давоми бештар аз 6 сол омӯзгорони Донишгоҳ дар шуроҳои диссертатсионии муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ 8 рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, ки аз ин 2 кори докторӣ ва 6 кори номзадӣ мебошад.
Аз соли 2017 инҷониб зиёда аз 940 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 68-то дар маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ тақризшаванда, 6 монография, 4 ихтироот, 25 пешниҳоди навоварӣ, 12 китоби таълимӣ ва зиёда аз 45 дастури методӣ аз ҷониби олимони Донишгоҳ ба нашр расидааст. Дар баробари ин, аввалин рӯзномаи “Пайки Шифо” ва маҷаллаи илмӣ - амалии “Симурғ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли 2019 таъсис дода шуд ва соли 2021 ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. 
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ба Донишгоҳ муяссар шудааст, ки аввалин шартномаи байналмилалии ҳамкориро моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонад.
Аз соли 2018 инҷониб ҳамкориҳои босамари Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Мактаби байналмилалии тиббии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал-Форобӣ, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ-туркии ба номи Хоҷа Аҳмад Ясавӣ, Донишгоҳи тиббии Қарагандаи Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Донишкадаи давлатии стоматологии Тошкенти Ӯзбекистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи илмҳои тиббии Кобул, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА, Донишгоҳи тиббии Софияи Булғористон, Донишгоҳи давлатии тиббии Урали ҷанубии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии тиббии  Гурҷистон  ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми фаъолияти Донишгоҳ донишҷӯёни ин даргоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, илмию фаннӣ, маърифатию зеҳнӣ ва фарҳангию  варзишӣ  ширкат варзида,  дар натиҷа,  18 ҷои аввал, 22 ҷои дуюм, 27 ҷои сеюм, 13 ҷои ифтихорӣ ва 7 дипломи дараҷаи 1 ва 2 дар конфронсҳоро ба даст овардаанд.  Хусусан, соли 2021-ум 8 донишҷӯ дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок карда, дар даври  ниҳоӣ  2 нафар ҷойи 2-юмро соҳиб шуд. Дар соли 2023 бошад, як олими ҷавони Донишгоҳ аз рӯи номинатсияи ихтроъкорӣ сазовори ҷои сеюм дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гашт.
Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ низ, назаррас аст, аз ҷумла дар солҳои 2020-2023 дар олимпидаи маҷозии  байналмилалии муассисаҳои таълимии тиббӣ, ки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошкент баргузор шуд, донишҷӯёни Донишгоҳ ба дарёфти 4 ҷои 1-ум,  9 ҷои дуюм, 19 ҷои сеюм ва ба мақомҳои ифтихорӣ  мушарраф гардиданд.
Қобили зикр аст, ки хатми аввалин дастпарварони ин Донишгоҳ аз соли 2022 шуруъ шудааст. Дар ин муддат 747 донишҷӯ аз рӯи ихтисосҳои "Кори табобатӣ", "Педиатрия" ва "Стоматология" Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро хатм намуд, ки 79 нафараш соҳиби дипломи аъло гардид.
Аз қомат афрохтани бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба симои маркази ноҳияи Данғара зебоии хосса зам шуд. Саҳн ва атрофи иншоот сабзкорӣ гашта, бо гулу буттаҳои ороишӣ ва ҳамешасабз зиннат дода шудаанд.
Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ин бинои муҳташами замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Устодони Донишгоҳ изҳор доштанд, ки барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми дониш ва маҳорати касбнамудаи хеш босамар истифода менамоянд.
Иштирок дар Рӯзи дониш ва мулоқот бо аҳли маориф
1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ карда, бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарон самимона табрик гуфтанд. 
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш як гурӯҳ устодону донишҷӯён, аз ҷумла Умеда Шокирова - устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Носирзода Озодамоҳ, Зоирзода Гуландом ва Баротзода Дилшод - донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур баромад карда, ба Сарвари маорифпарвари кишвар барои таъмини шароити муосири кор, илмомӯзӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти бахшҳои иҷтимоӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
 
Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” 
1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” оғоз бахшиданд.
Фаъолияти корхонаи саноатӣ ба коркарди ашёи хом, истеҳсоли профил бо андозаҳои гуногун, тахтаҳои пластикӣ барои фарши хона, дару тирезаҳои пластикӣ ва оҳанин равона шудааст. Айни замон дар корхона 5 намуди маҳсулоти пластикӣ истеҳсол мешавад. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани корхонаи нави саноатиро дар доираи амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёт муҳим арзёбӣ карданд.
ҶДММ “Сиёвуш Ёқуб” дар масоҳати наздикӣ 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳаким Салимов бунёд ёфта, аз ду хатти технологӣ иборат мебошад. Дар коргоҳи якум истеҳсоли 3 намуди тахта ва панелҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти хатти дуюми технологӣ барои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ равона гардидааст. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “сифат пласт” ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешниҳод мешавад. ҶДММ “Сиёвуш Ёқуб” аввалин корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки 3 давраи асосии истеҳсоли ҳамин номгӯи маҳсулот, аз ашёи хом то маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад. Хатҳои технологие, ки аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастрас шудаанд, имкон медиҳанд, ки ба мизоҷон маҳсулоти босифати мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дастрас карда шаванд.  
Бо назардошти зиёдшавии талабот ба чунин намуди маҳсулот, бунёду ба истифода додани корхонаи саноатӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷот ба профил ва тахтаҳои пластикӣ аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳои навтаъсис қонеъ гардонда шавад. Бинои маъмурии корхона аз 3 ошёна иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, корхона дорои ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва нонпазхона мебошад. Яъне, барои кормандон шароити хуби маишӣ низ, муҳайё гардидааст.
ҶДММ “Сиёвуш Ёқуб” дар 3 марҳила сохта шуда, дар доираи марҳилаи якуми он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми корхона муаррифӣ гардид. Дар оянда бунёди корхонаи “Шифери Данғара” ва дарҳои чӯбин дар нақша аст. Дар атрофи корхона гулу буттаҳои ороишию сояафкан шинонда шуда, ҷодаҳо сафолакпӯш ва чароғон гардидаанд. Инчунин, роҳи асосӣ то корхона асфалтпӯш карда шуда, аз масофаи 600 метр об оварда шудааст.  
Зимни боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳ дар бораи зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия маълумот доданд. Дар доираи солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат ва “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бунёду ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст. Дар 7 моҳи соли 2023 дар ноҳия ба маблағи умумии 1 миллиарду 453,4 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҷалби сармоя ва бунёду барқароркунии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ шароит фароҳам овард, ки имкониятҳои истеҳсолӣ давоми чанд соли охир васеъ гардад. Дар ин давра коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр афзуд.
Сарвари давлат саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллии ноҳияи Данғараро дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, бо ёдоварӣ аз имконияти мавҷуда масъулинро барои афзоиш додани содироти маҳсулот, боз ҳам зиёд намудани ҷалби сармоя ва рушди дучанди соҳаи саноат дар ноҳия вазифадор карданд.
Санаи нашр: 02.09.2023 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив