ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОЛАФ ШОЛС

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОЛАФ ШОЛС

02 октябр 2023, Душанбе
20
0

 
29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи вохӯрии якуми сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолс мулоқот карданд.
Ҳангоми вохӯрӣ маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.
Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат, соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд. Бо назардошти имкониятҳои содиротии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти  кишоварзӣ ва марказҳои логистикиро  дар  кишвари мо зарур шумурданд.
Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пулро дар марз бо ин кишвар барои расондани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Чор бозори наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шуруъ кард. Ба кишвари ҳамсоя неруи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешаванд. 
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор доштанд. Баъдан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолс даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив