ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИФТИТОҲИ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “КОКУЛ” ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

ИФТИТОҲИ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “КОКУЛ” ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

19 октябр 2023, Панҷшанбе
41
0

 
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ба вилояти Хатлон сафар карданд. Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Фархор шуруъ гардида, дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити олии хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи видеоӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳин, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ба истифода супурданд. Сардорони дидбонгоҳҳо аз омодагии ҳайати шахсӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар маҷмуъ, дар ин рӯз дар сарҳади Тоҷикистон 24 дидбонгоҳ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуда, барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё гардид.
Ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, толорҳои барҳаво барои хоб, ошхона бо таҷҳизоти зарурӣ, китобхона, буғхона ва дигар имконият барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, сарбозон метавонанд дар шароити лозима ба машқу тамрин машғул шаванд. Инчунин, ҳайати шахсӣ имкон доранд, нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ва нишонзаниро дар майдончаи омӯзишӣ аз худ намуда, малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангии худро ҷиҳати муҳофизати сарҳади давлатӣ сайқал диҳанд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо истифода аз шароити мавҷуда барои иҷрои пурраи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ ҳидоят карданд.
Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони дидбонгоҳҳои замонавӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои афсарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашт.
Аз моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари давлат бунёди 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз ёфт ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин баландтарин нишондод дар самти бунёду ба истифода додани иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 2023 ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити замонавии хизмат изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки раванди беҳсозии шароити хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ идома дода мешавад.
Соли 2024, ки аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 30 сол пур мешавад, иловатан, 12 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта шуда, дар тамоми хатҳои сарҳади давлатӣ барои афсарону сарбозон ҷиҳати муҳофизати Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити замонавӣ фароҳам оварда мешавад. 
Инчунин, барои захираи маводи ғизоӣ ва нигоҳдории амволи шайъӣ имконият мавҷуд буда, сарбозону афсарон пайваста зери таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Анборҳо барои нигоҳдории техникаҳои ҳарбӣ пешбинӣ карда шудаанд.
Бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва омодагии пайваста риояи талаботи ойинномаҳо ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ афсарону сарбозони бонангу номус тавассути гузарондани машқҳои ҳарбӣ малакаи касбии худро сайқал дода, хизмати Ватан-Модарро содиқонаву софдилона адо мекунанд.
Дӯст доштани Ватан, давлат ва миллат ҳадафи асосии ҳар як фарди ватандӯст буда, марзи давлатӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ барои сарбозону афсарон ба ҳисоб меравад ва ҳар ваҷаб марзи муқаддасро бо садоқату матонати баланд ҳимоя мекунанд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, мисли дигар сохторҳои низомии мамлакат, дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ таъсис ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои истиқлоли давлатӣ барои таъмини инфрасохтор ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон беҳтар кардани заминаи моддӣ-техникии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавиро яке аз вазифаҳои асосии давлат арзёбӣ карда, афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватанро барои ҳимояи марзу буми давлатӣ вазифадор мекунанд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда, муҳофизати сарҳади давлатӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии ороми мардум ҳайати шахсиро вазифадор карданд.

Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив