ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МА СИНЖУЙ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МА СИНЖУЙ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

03 ноябр 2023, Ҷумъа
13
0

 
2-юми ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури ҶМЧ Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни музокирот доираи васеи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин дар чорчӯби шарикии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Сарвари давлат тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гуманитарӣ, бахусус маорифу сайёҳӣ, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва ҷалби технологияҳои муосир зикр карданд.
Ҳамзамон, имкониятҳои мусоиди ривоҷу равнақи робитаҳои ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва «сабз», бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он ва таҷдиду сохтмони роҳҳо таъкид шуд. Дар зимн, ҷонибҳо ба аҳамияти бозсозии гузаргоҳи «Кулма-Қаросу» барои ташаккули шароити мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот миёни ду кишвар ишора намуданд.
Пешвои миллат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғур дар ин самтҳо таъкид сохтанд. Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии зеркомиссияи  Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғур  ва Форуми соҳибкорони ду кишварро дар шаҳри Душанбе манфиатбор донистанд.
Дар суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба робитаҳои байниҳизбӣ, ҳамчун василаи муҳими мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ матраҳ шуданд.
Мусоҳибон оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор карданд.

Санаи нашр: 03.11.2023 №: 217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив