ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » “ТОҶИКСЕМЕНТ”. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

“ТОҶИКСЕМЕНТ”. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

08 ноябр 2023, Чоршанбе
32
0

 
7-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП “Тоҷиксемент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир буда, дар он иншооти истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази идоракунӣ ва ташхисгоҳ, анборҳо, ошхона ва ду истгоҳи таъмири техникӣ сохта шуд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 17-уми сентябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта буданд.
Дар рафти сохтмон то 1200 нафар мутахассисону кормандон ба кор ҷалб гардиданд. Дар корхона, дар маҷмуъ, беш аз 700 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Маоши миёнаи коргарон 5100 сомонӣ ва мутахассисони техникию муҳандисӣ 7500 сомониро ташкил медиҳад.
Шумораи воситаҳои нақлиёти боркаш ва механизмҳои махсуси корхона зиёда аз 135-то мебошад.
Маҳсулоти корхона ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 400 ва 500 истеҳсол мешавад.
Дар ҶСП “Тоҷиксемент” сементи сулфат истеҳсол мегардад, ки барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили неругоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳо истифода мешавад.
Корхона ба ҳавои атмосфера чанг ё дуди ғализ хориҷ намекунад ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак (филтр) буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода мегардад. 
Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ, ашёи хом барои истеҳсоли семент дар корхона аз захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас хоҳад шуд.
Дар “Тоҷиксемент” бинои сеошёнаи ташхисгоҳ бо беш аз 100 таҷҳизоти замонавӣ фаъолият мекунад. Коргарони ташхисгоҳ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир ва таҷрибаи андӯхтаашон маҳсулоти корхонаро аз ташхис мегузаронанд.
Сохтмон, харид ва ба ҷумҳурӣ ворид намудани техника, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар маҳсулотро ҶСП “Тоҷиксемент” ба ҷо оварда, корҳои лоиҳакашӣ, таъмин ва насби таҷҳизот аз ҷониби паймонкори асосӣ – Ширкати Ҷиянсу Пенфей КО ЛТД ва Ширкати Линсени Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.
Бунёди боз як корхонаи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи устувор мегузорад.
Бояд гуфт, ки баъди ба кор даромадани ҶСП “Тоҷиксемент”, корхонаи сементбарории “Душанбе”, ки аз соли 1942 кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр ва экология таъсири бад мерасонад, то охири сол фаъолияташ манъ мешавад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 15 корхонаи сементбарорист: дар вилояти Хатлон 5, вилояти Суғд 6, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  3 ва шаҳри Душанбе 1-то.
Дар мамлакат то соли 2014 ҳамагӣ 300 ҳазор тонна семент истеҳсол мегардид. Моҳҳои январ–сентябри соли 2023 ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ 3,3 миллион тонна семент истеҳсол шуд.  Дар ҳамин давра содироти семент 781,6 ҳазор тонна, воридот 25,3 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар умум, иқтидори солонаи корхонаҳои сементбарории ҷумҳурӣ 5,5 миллион тонна мебошад. Ҳамасола зиёда аз 4,3 миллион тонна семент истеҳсол гашта, дар баробари ин, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содирот низ мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, талаботи ҷумҳурӣ ба семент дар як сол 3 миллион тоннаро ташкил дода, ҳаҷми содирот 33 фоизи сементи истеҳсолшуда мебошад.
Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароиту иқтидори истеҳсолии ҶСП “Тоҷиксемент”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим дониста, дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона супориш доданд, ки, ба хотири таъмини тозагии экологӣ, озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи табиат ва ободонию сабзкорӣ, дар атрофу ҳудуди корхона 250 ҳазор дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонанд.

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив