ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

14 ноябр 2023, Сешанбе
10
0


13-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!
Дар робита ба даргузашти бармаҳали бародаратон Булат Назарбаев таъзияву таслияти амиқи маро қабул фармоед.
Дар ин лаҳзаҳои барои Шумо ғамангез ба Шумо ва пайвандонатон ҳамдардӣ ва дастгирии инҷонибро иброз менамоям. Бо изҳори ғамшарикӣ дар ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва шикебоӣ хоҳонам».

Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив