ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР КОЛОКОЛСЕВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР КОЛОКОЛСЕВ

28 май 2024, Сешанбе
8
0

 
27-уми май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия ва дигар мавзуъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин, натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд. Бо қаноатмандӣ ба кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи тавофуқоте, ки чанде қабл дар сатҳи олӣ оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират ҳосил шуда буданд, ишора гардид.
Пешвои миллат, бахусус, аҳамияти қабули тамоми чораҳои заруриро баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, таъкид сохтанд.
Қобили зикр аст, ки вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия ҳамроҳи ҳайати калони ҳукуматӣ барои баргузории даври навбатии музокирот оид ба маҷмуи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Душанбе ташриф овардааст.

Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив