ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

28 март 2023, Сешанбе
11
0

Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.
Ҷозеф Байден, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ман аз номи мардуми Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзро муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом ва сулҳу суботро таманно мекунам. Тайи як соли охир Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико якҷоя дар роҳи расидан ба ҳадафи муштарак  – минтақаи амнтар ва шукуфонтар ба пеш рафтанд. 
Дар ин мавсими мулоҳиза ва таҷдид, Иёлоти Муттаҳида бори дигар садоқати худро ба мардуми Тоҷикистон ва таъмиқи минбаъдаи шарикӣ баҳри нигоҳдории амнияти мардуми ҳар ду кишвар тасдиқ мекунад.
Ман умед дорам, ки дар соли оянда шарикии байни кишварҳоямон ва дӯстии байни халқҳоямон бар асоси талошҳои мо барои ояндаи осоишта ва шукуфони ҳама боз ҳам  амиқтар хоҳанд гардид.
Наврӯз муборак бошад!».

Чжан Мин, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Аз самими қалб Шуморо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки баёнгари фаровонӣ ва баракот буда, аз замонҳои қадим анъанаҳои наҷиб ва арзишҳои олии маънавиро дар худ нигоҳ медорад, табрик менамоям. Ин Ҷашн, ки рамзи саъю талош баҳри сулҳ, созгорӣ бо табиат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон мебошад, мероси муҳими ғайримоддии фарҳангии инсоният гардидааст.
Наврӯз дар нигоҳ доштани гуногунии фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни мардумон ва кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай нақши назаррас дорад. 
Боиси хушнудист, ки ин Ҷашн ба туфайли иштироки фаъоли Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои СҲШ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз мақом ва аҳамияти байналмилалӣ пайдо кардааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам ба Шумо барои таваҷҷуҳи пайвастаи олиатон ба фаъолияти Созмон ва дастгирии он, ҳамчунин, ба тавсеаи ҳамкории амалӣ дар чорчӯби Созмон, баланд бардоштани нақши он ба сифати яке аз иштирокдорони бонуфузи муносибатҳои муосири байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намоям.
Лутфан иҷозат диҳед, ки дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии комил, дар фаъолиятатон дар ин маснади сермасъул неруи беандоза, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми бародари он сулҳу некуаҳволӣ орзу намоям».

Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Туркия: 
«Муҳтарам Президент, бародари азизам!
Муждаи баҳор – Иди Наврӯз анъанаю бойигарии муштараки ҷуғрофияи васеъ, аз Осиёи Марказӣ то Балканҳо мебошад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва ба наслҳои оянда расондани ин урфу одати муштаракамон, ҳамасола дар чор гӯшаи ҷаҳон ҷашн гирифтани Наврӯз инъикосгари муҳими дӯстиву бародариамон гардидааст.
Наврӯз, ки ифодаи бедориву зиндашавии табиат мебошад, на танҳо достони омадани баҳор, балки, ҳамчунин, эҳёву иқдомоти навин аст.
Ҳамдилию ҳамраъйии Шумо бо Туркия, ки дар робита бо заминларзаи 6 феврали 2023 зоҳир намудед, дар баробари боз ҳам наздиктар гардондани кишварҳои мо, ҳамзамон, як имкони дигареро барои мушоҳидаи ҳамеша зинда будани руҳияи Наврӯзро дар байни мардумонамон фароҳам овард.
Бо василаи Иди Наврӯз, ки яке аз зеботарин нишонаҳои ваҳдату ҳамбастагии тамаддунҳои чанд ҳазорсолаи мост, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон тансиҳатӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандиро таманно менамоям».

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив