ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНИО ГУТЕРРИШ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНИО ГУТЕРРИШ

29 март 2023, Чоршанбе
17
0


21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид беш аз сӣ сол сипарӣ шуд ва мо ба таҳкими муносибатҳо бо он пайваста аҳамияти хосса медиҳем.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ  бо СММ ва давлатҳои аъзои он ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад. Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз рӯи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои барқарорсозии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз раванди интиқоли ёрии башардӯстона ба мардуми кишвари ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд ва ба ин мақсад мамлакати мо тамоми имконоти логистикии худро вогузор намудааст.

Санаи нашр: 25.03.2023 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив