ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧАБА КОРОШИ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧАБА КОРОШИ

29 март 2023, Чоршанбе
24
0


22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши мулоқот намуданд.
Дар  рафти  он  масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумро ҳамчун ниҳоди муҳими Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, барои ҷонибдории амиқ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим изҳори сипос намуданд. Ташкили ҳамоиши таърихии Конфронси об, ки дар асоси қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуда буд, намунаи барҷастаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, бархӯрдҳои геосиёсӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ табодули андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим буда, пайваста барои ташвиқу таблиғи мудирияти дуруст ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ медиҳад. Изҳори итминон шуд, ки натиҷаҳои Конфронс барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва пешбурди Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Оби тоза ва беҳдошт” мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҳамин замина, Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории худро аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли 2028 баргузор намудани конфронси навбатии СММ вобаста ба об дар шаҳри Душанбе, ки дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ – ОБ 2023 пешниҳод карда шуд, таъкид намуд.
Сарвари Тоҷикистон ба Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, барои дар раванди он қабул гардидани қатъномаи нави Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз рӯи ташаббуси Тоҷикистон, миннатдории худро иброз намуданд.

Санаи нашр: 25.03.2023 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив