ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИВИТСА ДАЧИЧ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИВИТСА ДАЧИЧ

10 апрел 2023, Душанбе
20
0

 
8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар ҳастем.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин, технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар зимн, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм, ҳамчун самти ояндадори муносибатҳои Тоҷикистону Сербия арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив