ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

28 апрел 2023, Ҷумъа
10
0


27 апрел дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи  сафари  корӣ  дар  вилояти Хатлон ва вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолон вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳони муосир баррасӣ кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Баъди  суханронии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ҳисобот доданд.

Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив