ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН

САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН

05 май 2023, Ҷумъа
33
0

 
ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ ДАР ҚАСРИ “ОҚ-ОРДА”-И ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
4 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Оқ-Орда” сурат гирифт.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев самимона пешвоз гирифт.
Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев нахуст бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарварони давлатҳо аз назди сарбозон ва ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон сурат гирифт.

МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ ҲИМОЯТГАРИ ВАТАН
4 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони барӯманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд.


МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН
4 май дар шаҳри Остона баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар чаҳорчӯби шарикии  стратегӣ дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ, аз пазироии самимии роҳбарият ва мардуми Қазоқистон ба Қосим-Жомарт Токаев изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки ин сафар ва натиҷаҳои он баҳри таъмиқу тавсеаи равобити дуҷонибаи барои мардумони ду кишвар судманд заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.
“Мо ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Қазоқистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Азм дорем, ки минбаъд низ, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ пайваста инкишоф диҳем.
Мо имрӯз ҳуҷҷати таърихӣ – Эъломияи ҳамкории ҳампаймониро қабул мекунем, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи моро боз ҳам мустаҳкам мегардонад”, – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз рушду тавсеа ва сатҳу муҳтавои ҳамкории дуҷониба дар тамоми бахшҳо давоми 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ва муколамаи мунтазами сиёсӣ тайи ин давра, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар ин муддат механизмҳои зарурии ҳамкории байнидавлатӣ ва заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки имрӯз бо бастаи нави ҳуҷҷатҳо мукаммал гардонда мешаванд.
Дар ин зимн, нақши ҳамкории пурсамари байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон дар рушду густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ таъкид гашт.
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, муносибатҳои байни минтақаҳои ду кишвар, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар соҳаи маориф, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ, баррасӣ гардиданд.
Қазоқистон имрӯз дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор дорад. Соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон қариб ба яку ним миллиард доллар расида, афзоиши он беш аз бист фоизро ташкил дод.
Изҳори итминон шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, Шурои соҳибкорон ва Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар арафаи сафари давлатии Пешвои миллат доир гардиданд, аз ҳар ҷиҳат ба пешбурди босуръати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.
Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон, содироти меваю сабзавот ва дигар маснуоти маҳаллиро аз Тоҷикистон таъкид карданд.
Густариши ҳамкории сармоягузорӣ бо истифодаи имкониятҳо дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва кооператсия, махсусан дар бахши саноати нафту газ, маъдан ва металлургия, ба манфиати ду ҷониб арзёбӣ гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ ва электроника, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ аз самтҳои дигари судовар дар муносибатҳои ду мамлакат номида шуд ва ҷонибҳо оид ба рушду таҳкими онҳо табодули андеша карданд.
Дар доираи ҳамкории судманд дар соҳаи фарҳанг дар моҳҳои наздик баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Остона пешниҳод гардид. Дар бахши маориф ба сад адад расондани бурсияҳо дар донишгоҳҳои ду давлат иқдоми муассир арзёбӣ гашт.
Дар рафти музокирот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар самти рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молиявӣ метавонад ба афзоиши ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷонибҳо мусоидат кунад.
Ҷонибҳо ҳамоҳангии зич ва ҳамкории самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳоро дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба ҳамкории босамари Тоҷикистону Қазоқистон дар арсаи байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои ду ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, андешаронӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қазоқистон барои дастгирии доимии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим изҳори сипос карданд.
Изҳори итминон шуд, ки мулоқоти машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамоиши Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, ки дар моҳи сентябри соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мусоидати амиқ хоҳад намуд.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев даъват ба амал оварданд, ки бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
СУПУРДАНИ МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН– ОРДЕНИ “АЛТИН ҚИРОН” БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
4 май дар шаҳри Остона дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон “АЛТИН ҚИРОН” сарфароз гардондани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати  мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супурдани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро, қабл аз ҳама, ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.
Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ, дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт. 

ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ВА НИШАСТИ МАТБУОТИИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО
4 май, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Сарварони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев ба Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарварони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон интиқолшаванда;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
- Нақшаи ҳамкории мутақобила байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат ва инноватсия барои солҳои 2023 – 2024;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
Ҳамин тавр, дар маҷмуъ, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби вазорату идораҳо 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму густариш ва идомаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЕРЛАН КОШАНОВ
4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.
Зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мост, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду мамлакат нақши муҳим доранд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории зичи кишварҳо тавассути парлумони ду ҷумҳурӣ дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, табодули андеша карданд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

ВОХӮРӢ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН 
4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардиданд.
Дар оғози вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Мо шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар баланд арзёбӣ мекунем”.
Таъкид гардид, ки барои инкишофи муносибатҳои ду кишвар имрӯз ҳамаи шароити мусоид мавҷуд аст ва баҳри густариши онҳо таҷрибаи бойи ҳамкории созанда дар ҳамаи соҳаҳои асосӣ андӯхта ва роҳандозӣ шудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, саноат ва кооператсия, энергетика, нақлиёту боркашонӣ ва металлургия, муҳокима карданд.
Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ истифодаи имкониятҳои мавҷуда, пурзӯр намудани робитаҳо байни муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, гузарондани тадқиқоти якҷояи илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия ва технологияи иттилоотӣ, зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 05.05.2023 №: 94
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив