ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 май 2023, Чоршанбе
35
0


 
10 май Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
Ба ифтихори ташрифи Президенти Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.


Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив