ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН,  ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 10 МАЙИ СОЛИ 2023

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН,  ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 10 МАЙИ СОЛИ 2023

11 май 2023, Панҷшанбе
11
0

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои васеи ду давлат идома ёфт.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, сарварони давлатҳо доираи васеи муносибатҳои байнидавлатии ду мамлакатро муфассал баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедовро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд. Ҳамзамон, изҳори бовар карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмуи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки тайи сӣ соли равобити дипломатӣ муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бисёр соҳаҳо фаъолона рушд карда, ҷонибҳо дар таҳкими ҳамкориҳои худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду мамлакат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баррасӣ гашт.
Тавсеаи фаъоли ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими маҷмуи робитаҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.
Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҷанбаи муносибатҳо ба мувофиқа расиданд. Дар ин замина ҷонибҳо ба чунин самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили кооператсияи саноатӣ, бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва металлургия ва таъминоти мутақобилаи ашёи хом имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Дар бахши нақлиёту транзит масъалаи аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон босамар истифода кардани имконоти транзитии Туркманистон ҷиҳати ҳамлу нақли бор баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ба масъалаи муносибатҳои ду кишвар дар бахши гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ андеша ронданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба маҷмуи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ робитаҳои фаъоли ҷонибҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба таъкид гардид.
Президенти мамлакат ба ҷониби Туркманистон барои дастгирии фаъол аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим изҳори сипос карданд.
Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон ҷонибҳо оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 11.05.2023 №: 98
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив