ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАНГ САНГМИН

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАНГ САНГМИН

16 май 2023, Сешанбе
4
0


15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея баҳои баланд медиҳад. Вусъат додани муносибатҳо бо Корея самти муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад.
Дар ҷараёни суҳбат муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ, баррасӣ гашт.
Ба нақши Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун майдони муҳими ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив