ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

22 май 2023, Душанбе
15
0
 
18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди Саммити якуми “Осиёи Марказӣ – Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Чин”, муҳокима карданд.
 
 
 
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО  НАН ҶИНСИ
18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкории пурсамар, аз қабили бунёди корхонаҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва содироти он захираву имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба доираҳои соҳибкорон имтиёзҳои гуногунро пешкаш мегардонад.
Дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ширкати маъдани “Чжитсунг Литий” ( Zhicun Lithium Co.Ltd) дорои пойгоҳҳои бисёри коркарди маъдан ва истеҳсоли намаки литий мебошад. Ширкат барои мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафи пешрафт ва васеъ кардани самти фаъолияташ дар як қатор кишварҳои олам марказҳои истеҳсолӣ дорад.
 
 
 
СУҲБАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДИРЕКТОРИ КУЛЛИ ШИРКАТИ “BYD – ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ИВАН ТСАО
18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини директори кулли Ширкати «BYD – Осиёи Марказӣ» Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати «BYD» (Орзуи худро бисоз) баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти мошинсозӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ табодули андеша карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ширкати «BYD» (Орзуи худро бисоз) яке аз корхонаҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи электромобили BYD Auto ва истеҳсолкунандаи батарея ва электроника BYD Electronic мебошад.
Фаъолияти ширкат ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, автобусҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти роҳҳои барқӣ, қатораҳои монорелсӣ, истеҳсоли ҷузъҳои мошин, батареяҳо ва батареяҳои офтобӣ, ҷузъҳои телефонҳои мобилӣ ва дигар электроника, инчунин, хизматрасонии васлкунии таҷҳизот равона гардидааст.
 
 
 
ГУФТУГӮ БО РАИСИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ КӮҲКОРИИ «ЗИҶИНГ» ЧЭН ҶИНХЭ
18 май дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шурои директорони Ширкати кӯҳкории «Зиҷинг» Чэн Ҷинхэ мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ширкати мазкур дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Иттилоъ доданд, ки ҶСК Корпоратсияи маъдани “Зиҷиг” як Ширкати бузурги фаромиллии истихроҷи маъдан аст, ки фаъолияти асосии он иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо мебошад.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии кори Ширкат дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ муҳокима гардиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бунёди корхонаҳои муштарак бо ворид кардани технологияи муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ҷавобгӯ ба талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, табодули андеша карданд.
Роҳбарияти Ширкати чинӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
 
 
 
ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ «ФУРОНГ»-И ШАҲРИ СИАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ – Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ – Чин иштирок карданд.  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Пас аз маросими аксбардорӣ ба роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда ба муносибати оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ – Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ – Чин намоиш дода шуд.
Санаи нашр: 22.05.2023 №: 106 - 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив