ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

29 май 2023, Душанбе
26
0

 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "БОБОИ АЛИМАРДОН”-И НОҲИЯИ ШАҲРИТУСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
27 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешаванд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,4 гектар чигит, дар 10 садяк картошка, дар 30 садяк пиёз ва дар 25 садяк помидор, дар 40 садяк полизӣ ва дар масоҳати 65 садяк гандум кишт кардаанд.
Ин шабу рӯз хоҷагидорон ба ҷамъоварии гандум, маҳсулоти полизӣ ва картошкаву пиёз машғул мебошанд. Маданияти истифодаи замин дар ин мавзеъ, ба монанди дигар гӯшаҳои ноҳияи аграрии Шаҳритус, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Ҷамъоварии пиёз дар хоҷагии деҳқонӣ нишон дод, ки ҷомеаи меҳнатӣ аз дастранҷи имсола дар ҳаҷми 500-700 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Нишондоди мазкур дар ноҳия қонеъкунанда буда, аллакай аз ҳудуди деҳоти ноҳияи Шаҳритус ба хориҷи мамлакат 360 тонна пиёзи барвақтӣ содирот шудааст. 
Картошкапарварӣ дар ноҳия ривоҷ ёфтааст ва саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши он талош доранд, ки ҳиссаи худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузоранд. Ба ҳисоби мутахассисон, ҳар як гектар картошказор то 200 сентнер ҳосил хоҳад дод.
Дарави гандум низ, дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шуруъ гардид ва бо назардошти нашъунамои хуби зироат, ҳосили интизории деҳқонон 60 сентнерро ташкил медиҳад. 
Бо оғоз намудани ҷамъоварии ҳосили зироатҳои полизӣ аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим доранд, ки то 300 сентнер ҳосили ҳандалаку тарбуз рӯёнанд. Маҳсулоти хоҷагӣ барои таъмин кардани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо таҷрибаи истифодабарии замин дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани кишти такрорӣ, сари вақт роҳандозӣ кардани тадбирҳои муҳими аграрӣ ва дар маҷмуъ, бобати истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин хоҷагидоронро вазифадор карданд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди ҳамин хоҷагӣ намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ҳамаи шаш ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳияи Шаҳритус ташкил шуд. Дар доираи ин тадбир дастранҷи деҳқонони ноҳия, ба монанди ғалладонагиҳо, сабзавот, полизӣ, зироатҳои лӯбиёгӣ ва мева ба намоиш бароварда шуданд.

ИФТИТОҲИ ДИДБОНГОҲҲОИ НАВИ САРҲАДӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ВА ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 29 -УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ
28 майи соли 2023 аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 29 сол пур шуд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон гузориш доданд.
Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 166 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз тақдим гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи нави сарҳадии “Айвоҷ”-ро, ки ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бунёд гардида буд, ифтитоҳ намуданд. Дидбонгоҳ бо тамоми шароити муосир ва техникаҳои замонавии мушоҳидавӣ дар марзи давлатӣ таъмин мебошад.
Пас аз ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизмат ва будубоши сарбозон, маркази назорати хатти сарҳади давлатӣ, шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтӯр ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки, аллакай, даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуданд.
Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ” сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд. Бояд гуфт, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.
Иттилоъ доданд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардидааст. 
Дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат” дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуданд.
Дар рӯзи таҷлили Иди сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардондани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харид  ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид. Ҳамчунин, дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сарҳадии “Айвоҷ” бинои дуошёнаи истиқоматӣ бо 12 хонаро ифтитоҳ карда, ба оилаҳои хуштолеи афсарон калиди хонаҳоро тақдим намуданд. Бояд гуфт, ки ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор ва техникаи маишӣ таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат соҳибони хонаҳои навро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик ва соҳиб шудан ба манзилҳои замонавии истиқоматӣ таҳният гуфта, онҳоро барои адои хизмати содиқона ҳидоят карданд.
Баъди ташриф ба дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои сарбозону афсарон муҳайёшуда, аз қабили хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҷойи либосшӯӣ, сартарошхона, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ шинос шуданд.
Дар ошхонаи дидбонгоҳи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон суҳбати самимӣ доир карда, бо шароити хизмати онҳо шинос шуданд. Пешвои миллат сарбозонро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми давлат ҳидоят намуданд.  
Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” барои афсарон 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист ва ашёҳои зарурӣ бунёд гардид, ки имрӯз Сарвари давлат ба соҳибонашон калид супурданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон, сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Айвоҷ” ва дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик гузашти низомии Отряди сарҳадии “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус ва шумораи зиёди техникаҳои гуногуни низомӣ доир гардид.

Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив