БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН НАРЕНДРА МОДИ
3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум бар асари садамаи қатораҳои роҳи оҳан дар штати Одишаи Ҷумҳурии Ҳиндустон боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷиабор, ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Ҳиндустон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
21 феврал 2023, Сешанбе
НОМАҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
Шарҳҳо (0)