ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САДИР ЖАПАРОВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САДИР ЖАПАРОВ

05 июн 2023, Душанбе
33
0

 
2 июни соли 2023 дар шаҳри Чолпон-Ата Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарварони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар мулоқот ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хатти лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар баробари ин, аз талошҳои муваффақонаи идома додани музокирот ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори ҷонибдорӣ карда шуд.
Сарварони давлатҳо муҳимияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории ду мамлакатро бори дигар тасдиқ карда, ҷонибдории худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор намуданд.

Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив