ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАРЛ МИШЕЛ

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАРЛ МИШЕЛ

05 июн 2023, Душанбе
19
0


2 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо президенти Шурои Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо тамаркуз ба ҷалби сармояи аврупоӣ ва кумаки техникиву молиявӣ дар амри татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръатбахшӣ ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми  умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупоро (GSP+), ки ҳамчун омили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Аврупо ба шумор меравад, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятӣ бо тамаркуз ба вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.
Мулоқот дар фазои созанда ҷараён гирифт.

Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив