ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ ДАВЛАТИИ АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САФАРИ ДАВЛАТИИ АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

09 июн 2023, Ҷумъа
64
0
 
8 июн Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди роҳбарони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин, тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Амири Давлати Қатар аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.
 
МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ ҚАТАР
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Зимни мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимод ҷараён гирифт, ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқӣ, робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни баррасии роҳҳои тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ зарурати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду кишвар ва аз ҷараёни рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд.
Тоҷикистон, дар баробари таъйиди таҷрибаи неки муштарак, алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкориҳояш бо Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ иброз дошт.
Қобили зикр аст, ки дар ин самти шарикӣ ду кишвар ҳанӯз имкониятҳои васеъ доранд ва истифодаи ҳарчи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо мебошад. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи маҷмааи “Диёри Душанбе” аз ҷониби ширкати “Диёр”-и Қатар намунаи ҳамкориҳои самараноки ду кишвар дар ин ҷода арзёбӣ гардид.  
Истифода аз имкониятҳои фаровон дар соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, барои ҳар ду кишвар судманд номида шуд.
Мавҷудияти имкониятҳои васеи ҳамкориҳои судманду дарозмуддати байни ду кишвар ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ, мавриди музокира қарор гирифт.  
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ду кишвар дар қаламравҳои ҳамдигар ва ба фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконияти густариши робитаҳои фарҳангиву башарӣ, бахусус, дар арсаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ибрози назар карданд.
Ба ҷониби Қатар барои кумаки беғаразона дар бунёди Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе сипоси самимии мардуми Тоҷикистон расонда шуд.
Дар рафти музокирот мавзуъҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ ва масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи шарикии ҷонибҳо дар доираи сохторҳои бисёрҷониба, ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба Давлати Қатар барои дастгирии доимии иқдомоти глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бори аввал дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё ширкат меварзад, муваффақият орзу намуданд. Мавриди зикр аст, ки Ҷоми футболи Осиё моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар баргузор мегардад.
 
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ  БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ ҚАТАР
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 15 санади нав ба имзо расид:
- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ;
- Ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар;
- Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсия ва метрологияи Давлати Қатар;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон;
- Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкории ҳарбӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авқоф ва корҳои исломӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023 – 2025.
Санаи нашр: 09.06.2023 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив