БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
Хабари сӯхторҳои калонмиқёс ва зиёни бисёр дар вилояти Абай – дар шарқи Қазоқистон, ки талафоти ҷониро ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи инҷониб гардид.
Таъзияву ҳамдардии самимии худро ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоям.
Бовар дорам, ки бо талошҳои Ҳукумат ва мардуми Қазоқистони дӯст оқибатҳои ин фалокат дар ояндаи наздиктарин рафъ хоҳанд шуд».
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Шарҳҳо (0)