ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

23 июн 2023, Ҷумъа
149
0
22 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона”, “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, сода кардан ва ба таври электронӣ гирифтани ин ҳуҷҷатҳо, таъмини шаффофияти раванди иҷозатдиҳӣ таҳия ва қабул шудааст. Ба Қонуни номбурда Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда замима гардидаанд, ки дар он ҳама намуди фаъолиятҳо, ки барои онҳо иҷозат дода мешаванд ва маблағҳои пардохтшаванда барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки мувофиқи онҳо амали Қонуни номбурда то якуми январи соли 2024 дароз карда шудааст. Вобаста ба ин, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боз имконият дода мешавад, ки дороиҳо ва маблағҳои худро то 1 январи соли 2024 қонунӣ гардонанд.
Қонунҳои баимзорасида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, рушди ҳуҷҷатҳои электронӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи табиат, бунёди ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.
Санаи нашр: 23.06.2023 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив