ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30 июн 2023, Ҷумъа
61
0
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7, № 7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, № 12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, № 1-2, мод. 4, № 4, мод. 194, мод. 195, № 6, мод. 386, № 12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, № 1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, № 12, қ. 2, мод. 769; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, № 1951), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар қисми 1 моддаи 94 рақамҳои «133-137» ба рақам ва калимаҳои «133, 134 (ба истиснои сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ), 135-137» иваз карда шаванд.
2. Дар  моддаи 95:
- ба қисми 1 пас аз рақамҳои «110-123» рақамҳо ва калимаҳои «, 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140» илова карда шаванд;
- сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 110, 1101, 111, 119-123, 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;»;
- сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 2 хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сеюм аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад.
3. Аз қисми 1 моддаи 1211 рақами «140,» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, №  1972
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 марти соли 2023, № 988
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 389
Санаи нашр: 29.06.2023 №: 131 - 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив