ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»

30 июн 2023, Ҷумъа
90
0
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 608; с. 2012, № 7, мод. 684, № 12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, № 3, мод. 209, № 7-9, мод. 706; с. 2016, № 5, мод. 371, № 7, мод. 619, № 11, мод. 878; с. 2017, № 1-2, мод. 13, № 5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, № 1, мод. 12; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, № 1-3, мод. 13, № 6, мод. 346, № 12, қ. 2, мод. 775, мод. 776) сархатҳои шасту панҷум ва ҳаштоду дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд: 
«- Рӯзи  Маҷлиси  Олӣ –  парламенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – 26 сентябр;»;
«- Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ – 1 декабр;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, №  1973
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, №  983
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, №  390
Санаи нашр: 29.06.2023 №: 131 - 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив