ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ  ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО  БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ  ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО  БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

30 июн 2023, Ҷумъа
108
0


Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №  23, мод. 351; с. 1997, фасли IV, № 23-24, мод. 333; с. 1999, № 5, мод. 59; с. 2001, № 4, мод. 176; с. 2004, № 2, мод. 55, № 3, мод. 190; с. 2006, № 7, мод. 347; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 22, № 6, мод. 463; с. 2011, № 3, мод. 171; с. 2012, № 4, мод. 269, № 8, мод. 828; с. 2016, № 11, мод. 879; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 697, мод. 698, мод. 699; с. 2022, № 7, мод. 444), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар зербанди а) қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» ба калимаҳои «шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» иваз карда шаванд. 
2. Дар моддаи 27: 
- ба ҷумлаи якуми қисми якум пеш аз калимаҳои «зарур аст» калимаҳои «дар доираи меъёрҳои муқарраргардида» илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми қисми якум калимаи «ҳудуди» ба калимаҳои «меъёрҳои муқарраргардидаи» иваз карда шавад; 
- ба қисми чорум пас аз калимаи «истифоданашуда» калимаҳои «бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 37 ва 39 Кодекси мазкур» илова карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, №   1974
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 майи соли 2023, № 1014
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 391
Санаи нашр: 29.06.2023 №: 131 - 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив