ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ»

30 июн 2023, Ҷумъа
51
0
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 212) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба моддаи 1 сархатҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд: 
 «- конденсати газ – омехтаи карбогидрадҳое, ки дар шароити ҳарорату фишори муқаррарӣ дар қабати замин ё ҳангоми истихроҷи конҳои гази табиӣ дар натиҷаи пастшавии фишор ва ҳарорати газ, ба ҳолати моеъ мубаддал мегарданд;
- гази табиии моеъ - гази табиие, ки ба таври сунъӣ барои осонии нигоҳдорӣ ва интиқол ба ҳолати моеъ табдил дода шудааст;
- талафоти технологӣ - талафоти барқарорнашавандаи нафт, газ, конденсати газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ, ки дар натиҷаи пайомадҳои хосиятҳои аввалии физикӣ ва химиявии он, таъсири омилҳои метеорологӣ ва дараҷаи такомули равандҳои технологии истифодашуда, воситаҳои техникӣ ва чорабиниҳои сарфаи нафт, газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ ҳангоми истихроҷ, ҷамъоварӣ, тайёркунӣ, коркард (истеҳсол), интиқол ва нигоҳдорӣ ба амал меоянд;».
2. Дар сархати сеюм ва нуҳуми моддаи 1, сархати ҳаштуми моддаи 5, сархати панҷуми қисми якуми моддаи 11, номи боби 4, ном ва матни моддаи 12, ном, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 13, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 4 моддаи 14, номи     боби 5, ном ва матни моддаи 15, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 16, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 17 калимаҳои «қубурҳои», «қубурҳо», «қубури», «қубур», «қубурҳои», «ҚУБУРҲОИ» мувофиқан ба калимаҳои «лӯлаҳои», «лӯлаҳо», «лӯлаи», «лӯла», «лӯлаҳои», «ЛӮЛАҲОИ» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
4. Дар сархати шашуми моддаи 5 ва матни моддаи 12 калимаи «қаламрави» мувофиқан ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. 
5. Сархатҳои дуюм ва нуҳуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ»; 
«- дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.». 
6. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) аз инҳо иборатанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ; 
- таҳия ва тасдиқ намудани санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрию методӣ, стандартҳо ва маводи дастурӣ; 
- додани иҷозатнома барои истеҳсол, коркард, истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо тибқи қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- мувофиқа намудани лоиҳаҳо, нақшаҳо ва ҳисоботҳо оид ба корҳои омӯзишии геологӣ, иктишофӣ, тадқиқотӣ, геофизикии сохторҳо ва майдонҳои нафту газ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафт, конденсати газ ва гази табиӣ, низоми технологӣ, сохтмони иншооти пармакунии чоҳҳо, барҳамдиҳӣ, боздошт, муваққатан хобондани конҳо ва чоҳҳои нафту газ, коркарди нафту газ ва истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда, воридоту содироти маҳсулоти нафт ва гази табиии моеъ; 
- таҳия ва тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти табиии маҳсулоти нафтӣ, гази табиии моеъ ва табиӣ ҳангоми интиқол, қабул, нигоҳдорӣ ва фурӯши он, меъёр ва тарзи ҳисобкунии ҳаҷми нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ, маблағи зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодабарии мақсадноки конҳои нафт ва газ расонида шудааст, гузаронидани чоҳҳои нафтӣ, газӣ, интиқолӣ ва назоратӣ ба дигар уфуқҳо, талафоти технологии нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ; 
- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳо оид ба тартиби барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти чоҳҳои нафтӣ ва газӣ; 
- муайян намудани қоидаҳои коркарди (истихроҷи) конҳои нафт, газ ва конденсати газ; 
- ташкил ва гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шартномавӣ ва бақайдгирии онҳо;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солона оид ба рафти иҷрои шартномаҳо, конҳои нафт ва газ, рӯйхати иштироккунандагони озмун барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин, инчунин ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;
- тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ дар корхонаҳои коркарди нафт ва газ; 
- мувофиқа намудани барномаи иҷрои чораҳо барои гузаронидани корҳои иктишофи  сейсмикӣ ва ҷустуҷӯӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;
- мувофиқа кардани тағйирот ба барномаи солонаи корҳо, ки аз тарафи иҷозатномадорон пешниҳод гардидааст;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи қитъаҳои қаъри замини дорои аҳамияти стратегӣ (нафт зиёда аз 2 миллион тонна ва газ зиёда аз 1 миллиард метри мукааб);
- таъмини истифодабарии мақсаднок ва самараноки қитъаи қаъри замини аҳамияти стратегидошта;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.». 
7. Дар қисми 2 моддаи 13 калимаҳои «мақоми давлатии дахлдор муайян ва» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, № 1981
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 майи соли 2023, № 1010
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 398
Санаи нашр: 29.06.2023 №: 131 - 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив