ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН»

30 июн 2023, Ҷумъа
54
0
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабри соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 699; с. 2008, № 10, мод. 805, мод. 817; с. 2013, № 12, мод. 896; с. 2015, № 3, мод. 215; с. 2018, № 1, мод. 28; с. 2021, № 1-2, мод. 19, № 12, қ. 2., мод. 720) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар моддаи 1: 
- дар сархати ҳаштум калимаи «бинокорӣ» ба калимаи «шаҳрсозӣ» иваз карда шавад; 
- сархати шонздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – набудани хавфе, ки бо эҳтимолияти расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки истеъмолкунанда, инчунин ба муҳити зист ҳангоми истифода, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) ё дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) алоқамандӣ дорад.». 
2. Ба моддаи 3 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро қонун кафолат медиҳад.». 
3. Ба қисми якуми моддаи 4 пас аз калимаи «муассисаҳои»  калимаи «таълимии» илова карда шавад. 
4. Дар қисми сеюми моддаи 5 калимаи «хизматгузории» ба калимаи «хизматрасонии» иваз карда шавад. 
5. Дар моддаи 6:
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аз ҷониби фурӯшанда дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳои иловагӣ нисбати хусусиятҳои техникии мол, ки истеҳсолкунанда муқаррар кардааст, манъ аст.»;
- дар қисми ҳафтум калимаи «хизматгузорӣ» ба калимаи «хизматрасонӣ» иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 7, матни моддаи 8, сархати шашуми қисми сеюми моддаи 9, қисми чоруми  моддаи 12, ном ва қисмҳои якум, сеюм ва ҳаштуми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 15, қисмҳои нуҳум ва даҳуми моддаи 28, сархати сеюми моддаи 41 ва сархати чоруми қисми дуюми моддаи 42 калимаи «амволи», «амвол» ва «амволӣ» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулки», «молу мулк» ва «молумулкӣ» иваз карда шаванд. 
7. Дар моддаи 8:
- дар қисми сеюм калимаи «умум» ба калимаи «омма» иваз карда шавад; 
- ба қисми чорум пас аз калимаи «кафолат» аломат ва калимаҳои «, муҳлати истифода» илова карда шаванд; 
- ба қисми ёздаҳум пеш аз калимаи «иҷрокунанда» калимаи «фурӯшанда,» илова карда шавад. 
8. Дар қисми якуми моддаи 81 калимаҳои «хариди мол ва иҷрои кор» ба калимаҳои «хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ» иваз карда шаванд.
9. Ба моддаи 12 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳангоми муайян намудани андозаи зараре, ки дар натиҷаи маълумоти нопурра ва беэътимод дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, бояд сифат ва хусусиятҳои мол (кор, хизматрасонӣ) ба инобат гирифта шаванд.». 
10. Дар моддаи 19:
- ба қисми сеюм пас аз калимаҳои «кафолати мол» калимаҳои «ё муҳлати коршоямиаш» илова карда шаванд;
- қисми дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Талаботи истеъмолкунандагон, ки дар ҷараёни муҳлати кафолат бо шартҳои ба камбудии мол (кор, хизматрасонӣ) алоқаманднабуда пешниҳод шудааст, қонеъ карда намешавад.». 
11. Дар қисми панҷуми моддаи 27 калимаҳои «қисми сеюми» ба калимаҳои «қисмҳои сеюм ва чоруми» иваз карда шаванд. 
12. Сархати сеюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- моли дигар аз ҳамон мавод бемузд ва бо ҳамон сифат тайёр ё кор (хизматрасонӣ) такроран бемузд иҷро карда шавад;».  
13. Ба қисми дуюми моддаи 38 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташаккул ва пешбурди махзани иттилооти дастрасро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;».
14. Дар қисми дуюми моддаи 43 калимаи «умум» ба калимаи «омма» иваз карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, №  1980
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 майи соли 2023, № 1012
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 397
Санаи нашр: 29.06.2023 №: 131 - 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив