ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 июл 2023, Чоршанбе
29
0
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд № 13, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои вакили интихобшуда
 
Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 аз 16 июли соли 2023, ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботи мазкурро гузаронда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд № 13 рӯзи 16 июли соли 2023 бо иштироки 95 002 (85,89%) интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда, баргузоршуда ҳисобида шавад.
2. Номзад Муинӣ Мавсума Муинзода бо гирифтани 60 507 (65,02%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд № 13, ки дар интихоботи рӯзи 16 июли соли 2023 интихоб шудааст, ба қайд гирифта, ваколатҳояш тасдиқ карда шаванд.
3. Ба Муинӣ Мавсума Муинзода тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад.
 
 
Раиси Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА 
 
 
Котиби Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА   
шаҳри Душанбе, 17 июли соли 2023, № 194
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив